МУБОРИЗА АЛАЙҲИ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ

28-04-2023
28-уми апрели соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ш. Душанбе бо мақсади пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои бӯҷетӣ дар муассисаҳои таълимӣ семинари маърифатӣ-иттилоотӣ баргузор гардид. Дар семинар муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ, сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, сардорони раёсат, шуъба, бахш, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Нахуст муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода зимни баромади худ иброз намуд, ки мавҷудияти амалҳои коррупсионӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар боиси нигаронии аҳли ҷомеа гашта, мубориза бар зидди ин амал натанҳо аз мақомоти дахлдори давлатӣ, балки аз тамоми қишрҳои ҷомеа вобастагӣ дорад. Мутаассифона, солҳои охир мо мушоҳида мекунем, ки дар соҳаи маориф ва илм аксари амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби роҳбарони муассисаҳо ва сармуҳосибону муҳосибон содир мегардад.
Ҷамшед Ҷӯразода афзуд, ки маҳз пешгирии амалҳои коррупсионӣ, роҳ надодан ба хатоҳои молиявӣ, истифодаи самараноки маблағҳои бӯҷетӣ, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардидани маблағҳои дар бӯҷет пешбинишуда ва ҳамкории густурда бо мақомотҳои марбута боиси баланд бардоштани сифати таълим ва хубтару беҳтар шудани фаъолияти соҳа мегардад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи маориф ва илм амалӣ менамояд, ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва решакан намудани он чораҳои дахлдор андешида, барои аз байн бурдани ин амали нангин ҳамеша кӯшиш менамояд.
Сипас сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ дар рафти баромади худ қайд намуд, ки барои мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб ва аз байн бурдани он бояд миёни ҷомеа, махсусан, кормандони соҳаи маориф ва илм корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёд карда шавад. Баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии намояндагони соҳа онҳоро водор месозад, ки аз ҳуқуқҳои худ ҳифз кунанд ва ба амалҳои нангини коррупсионӣ даст назананд.
Дар идома сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода вобаста ба коррупсия ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф суханронӣ намуд.
Дар охир муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷиҳати баланд бардоштани саводи ҳуқуқии муҳосибон, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар боби пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва беҳтар намудани фаъолияти молиявии муассисаҳои таълимӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххасдод.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон