МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ ДАФТАРИ МИНТАҚАВИИ СММ ОИД БА МАСОИЛИ МАОРИФ, ИЛМ ВА ФАРҲАНГ (ЮНЕСКО)

02-12-2019
 
2-юми декабри соли 2019 дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо директори Дафтари минтақавии СММ оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Алмаато хонум Криста Пиккат баргузор гашт. 
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо масъалаҳоро ҷиҳати омода кардани лоиҳаи Ёддошти тафоҳум миёни Дафтари минтақавии СММ оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Алмаато ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. 
Зикр гардид, ки баъди ба имзорасии Ёддошти тафоҳум ҷонибҳо имкон пайдо мекунанд, ки ҳамкориҳоро дар самтҳои маориф ва илм беҳтар ба роҳ монанд.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО