МУЛОҚОТИ ҶАМШЕД ҶӮРАЗОДА БО ГИНТАУТАС ВАСЮЛИС

11-04-2022
11-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо сафири Ҷумҳурии Литва дар Тоҷикистон Гинтаутас Васюлис доир гардид.
Ҳадаф аз вохӯрии мазкур ба роҳ мондани ҳамкорӣ, хусусан дар самти илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва паркҳои технологӣ ва институтҳои илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва, дастрасии бурсияҳои таҳсилии Ҷумҳурии Литва барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин, муҳайё намудани заминаи ҳуқуқӣ, аз ҷумла коркарди харитаи роҳи ҳамкорӣ ва таҳияи санади ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф, илм ва варзиши Ҷумҳурии Литва мебошад. 
Зимни суҳбат ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ иброз доштанд, ки ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва тақвияту вусъат ёфтани робитаҳои дуҷониба дар самти маориф ва илм мебошанд.






БАХТОВАР САФАРОВ