МУЛОҚОТИ ОНЛАЙНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БО ДОНИШҶӮИ ТОҶИК

27-08-2021
Владимир Путин-Президенти Федератсияи Россия қабл аз ҷаласаи Шӯрои давлатӣ оид ба соҳаи маориф бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, омӯзгорону донишҷӯён ва волидайни хонандагон мулоқоти онлайнӣ доир кард, ки дар он Абдуллохуҷа Бобоев-донишҷӯи тоҷик низ ширкат варзид.
А.Бобоев-сокини шаҳри Хуҷанд буда, соли ҷорӣ мактаби хусусии “Амид”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро хатм намуда, ба факултаи тиббии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия дар шаҳри Маскав дохил шудааст.
Донишҷӯи тоҷик дар суҳбат ба Президенти Федератсияи Россия барои доир гардидани чунин мулоқот сипосгузорӣ намуда, зикр кард, ки барои интихоб ва бо муваффақ гузаштан аз имтиҳони донишгоҳ саҳми устодонаш, ба вижа омӯзгор Вячеслав Николаевич, ки тибқи барномаи давлатӣ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, ба таълиму тарбия машғул аст, назаррас мебошад.
Ҳамчунин, Президенти Федератсияи Россия дар суҳбат бо донишҷӯи тоҷик таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ба рушди забони русӣ дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва қабл аз ҳама, миннатдории самимии хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонданд, ки бо мусоидаташон дар ин самт корҳои назаррасе анҷом дода шуда истодаанд. 
“Қариб ҳамеша ӯ масъалаи кумаки Россия ба Тоҷикистонро дар мавриди рушди забони русӣ ба миён мегузорад. Мо ҳатто нақшаҳои мушаххасеро дар ин замина илова бар оне, ки то имрӯз анҷом шудааст, дорем”,-гуфт Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар суҳбат бо донишҷӯи тоҷик Абдуллохӯҷа Бобоев.
“Аз он шод шудам, ки барномае, ки мо ҳамроҳ бо Президенти Тоҷикистон як вақт оғоз кардем, чунин натиҷаҳои хуб додааст. Мо корро дар ин самт идома хоҳем дод”, - хулоса кард Президенти Федератсияи Россия В.Путин.
 
Зайнаб Ҳусейнова