МУЛОҚОТИ СУДМАНД

25-03-2021
   23-25-уми марти соли равон дар доираи татбиқи бандҳои дахлдори Комиссияи 17-уми байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ гурӯҳи кории Федератсияи Россия барои баррасии масъалаҳои лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи эътироф ва баробарарзишии дараҷаву унвонҳои илмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
   24-уми марти соли равон меҳмонон аз Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия ва Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия, аз ҷумла Пахомов Сергей Иванович – сардори депортаменти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-педагогии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия, Горожанкина Елена Михайловна – муовини роҳбари Дирексияи байналмилалӣ, Мацкевич Игорь Михайлович – котиби аввали илмии Комиссияи олии аттестатсионӣ ва Моловцева Ольга Дмитриевна – муовини сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия бо намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Муҳаммаддовуд Саломиён - муовини якуми вазири маориф  ва илм, Фарҳод Раҳимӣ – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Абдулҳаким Розиқзода – раиси  Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Диловар Қодирзода – муовини вазири маориф ва илм, Илҳом Камолзода – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм ва Маъруфи Расул – мудири шуъбаи аттестатсияи илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд. 
   Дар ҷараёни мулоқот оид ба эътироф ва баробарарзишии дараҷаву унвонҳои илмӣ байни кишварҳо муколамаи созанда сурат гирифт. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки ҷониби Россия дурнамои муқоисаи унвону дараҷаҳои илмиро дар доираи Созишномаи алоҳида ба таври мукаммал тасдиқ мекунад. 
Инчунин, пешниҳод карда шуд, ки барои омӯзиши минбаъдаи ин масъала, аз ҷумла, заминаи меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо ва имконоти имконпазири ҳамкории зич дар самти эътироф ва баробарарзишии дараҷаву унвонҳои илмӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.
   Мулоқот дар доираи робитаҳои мутақобилаи судманд баргузор гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон