МУЛОҚОТИ СУДМАНД

16-10-2020
Дар Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти озоду судманди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо сардорони раёсат, мудирони шуъба, кормандони масъули соҳа ва сохторҳои марбутаи раёсати маорифи вилояти Суғд баргузор гардид.
Мулоқотро сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо мақсад ва ҳадафҳои чорабинии мазкур ошно намуд. Сипас, Комилшо Исозода-директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъминоти муассисаҳои таълимии вилояти Суғд бо китобҳои дарсию бадеӣ ва пардохти маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ва раёсату шуъбаи маориф сухан ронд. 
Дар идома, М.Имомзода-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари зикри дастовардҳо оид ба рисолат ва вазифаҳои минбаъдаи  аҳли маориф дар самти баланд баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъмини иҷрои нишондодҳои барномаҳои давлатӣ, мутобиқ намудани муассисаҳои таълимӣ  ба талаботи давр, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон ва бо ин васила баланд бардоштани мақом ва манзалати омӯзгор дар ҷомеа,  бунёди ҳарчи бештари биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва фарогирии кӯдакону наврасон ба таҳсил, ба зинаи сеюми таҳсил ҷалб намудани хонандагон, афзун гардонидани дастовардҳо дар самти иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва худкушӣ байни ноболиғон андешаҳои ҷолиб баён дошт. Инчунин, вазири маориф ва илм ба масъулин оид ба ҳаллу фасли саривақтии масъалаҳои соҳа ва проблемаву мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ Абдушукур Хокироҳзода аз номи аҳли нишаст барои дастгириву роҳнамоӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм миннатдории самимӣ баён намуд.