МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РОҲБАРИ БОҶ

25-04-2022
25-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм бо Адҳам Мусаллам – роҳбари намояндагии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Ҷамшед Ҷӯразода – муовини якуми вазири маориф ва илм, Илҳом Камолзода – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.
Вазири маориф ва илм Р. Саидзода иброз дошт, ки бо дастгирии БОҶ-и СММ дар доираи амалисозии кӯмак оид ба таъмини ғизои мактабӣ дар деҳоти кишвар ба кӯдакони оилаҳои осебпазир зиёда аз 435 ҳазору 667 кӯдак дар 2000 мактаби 52 шаҳру ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ғизо таъмин мегарданд, ки наздики 50%-и ҳамаи хонандагони синфҳои ибтидоии мамалакатро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, бо мусоидати Пажуҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсия Россия дар озмоиши моделҳои нави ғизои мактабӣ, мутамарказонии он ва ташкили имконият барои ғанигардонии фондҳои ғайрибуҷавии мактаб ёрии амалии техникӣ расонида мешавад. Таҳия ва ҷорӣ намудани шаклҳои (моделҳои мазкур) самти нави Нақшаи амал оид ба татбиқ намудани лоиҳаҳои таҷрибавии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Нақшаи мазкур нақши калидиро дар алоқамандӣ ба Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои то 2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017 тасдиқ гардидааст, мебозад. Дар асл, Нақша қадами аввал дар самти амалишавии Стратегияи мазкур мебошад. -Дар ҳамкорӣ бо шарики техникии худ, яъне Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Россия, инчунин дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илм, 50 мактаби пилотӣ аз 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (35 мактаб дар вилояти Хатлон ва 15 мактаб дар водии Рашту ш. Роғун) барои таъмири ошхона, таъмини таҷҳизоти хӯрокпазӣ ва таъмини мебели ошхона интихоб гардиданд. Ҳамзамон, то имрӯз 126 лоиҳаи грантии хурд аз ҷониби БОҶ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалӣ карда шудааст, ки маблағи он 616 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
-Тули 20 сол аст, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ бо Вазорати маориф ва илм ҳамкории судмандро бо роҳ мондааст ва мо аз ин ҳамкорӣ бисёр хушнуд ҳастем. Бояд бигӯям, ки БОҶ дар панҷ соҳа ҳамкории худро ба роҳ мондааст ва барномаи ғизои мактабӣ калонтарин амалиёт ба шумор меравад. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъю кушиши Вазорати маориф ва илм дар буҷети давлатии худ 5,5 млн сомониро барои ғизои мактабӣ ҷудо кардааст ва ин як дастоварди калон дар самти Барномаи ғизои мактабӣ ба шумор меравад. Умедворем, ки рӯзе марасад ин барномаи ҳамчун Барномаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта мешавад. Бояд гуфт, ки БОҶ 60 адад планшет харидорӣ намуд, ки ин ба намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ҳаррӯза ба барномаи ғизои мактабӣ ҷалб карда шудаанд, ба онҳо рӯзҳои наздик супорида мешаванд. Мақсад аз ин, рақамикунонии маълумотҳо мебошад, яъне маълумотҳо тариқи кормандони вазорат бо планшетҳо ҷамъоварӣ гардида, ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод карда мешавад,-қайд кард Адҳам Мусаллам. 
Мавриди тазаккур аст, ки ҳамкории Вазорати маориф ва илм бо Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ назаррас буда, фаъолияташро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз намудааст. Мақсади барнома дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани хӯрока дар сатҳи миллӣ мебошад. 
Барномаи ғизои мактабии БОҶ ҳамчун кӯмаки иловагӣ дар баробари системаи ҳифзи иҷтимоии давлатӣ баромад менамояд. Ҳадафи Барнома мусоидат намудан ба таъмини таҳсилот, тандурустӣ ва ғизо барои ҳар як кӯдак мебошад.
БАХТОВАР САФАРОВ