МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ НАВТАЪИНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО

31-01-2023
Рӯзи 31 январи соли равон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо сафири навтаъини Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Раймундас Кароблис баргузор гардид, ки дар он масъалаи ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нахуст, зимни суҳбат вазири маориф ва илм ҷаноби Раймундас Кароблисро ба Вазорати маориф ва илм хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои пайвастаи Вазорат бо Иттиҳоди Аврупо ёдовар шуд. Мавсуф қайд намуд, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни вазорат ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  боз ҳам саҳми арзанда хоҳад гузошт. 
Раҳим Саидзода иброз дошт, ки Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони асосии Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда, саҳми он ҳамчун шарики рушд дар самти ислоҳоти низоми таҳсилоти  миёна ва олии касбӣ назаррас аст.   
Дар навбати худ, ҷаноби Раймундас Кароблис аз вохўрӣ бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт,  ки ҳамкориҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо бо Вазорати маориф ва илм дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар оянда низ тавсеа хоҳад ёфт.
Дар идома оид ба рушди ҳамкориҳои минбаъда табодули назар сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои расидан ба ҳадафҳои созанда баён карданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон