МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ВАЗИРИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУС

05-10-2023
5 октябри соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус дар доираи иштирок дар Форуми дуюми ректорони Белоруссияву Тоҷикистон бо вазири маорифи Ҷумҳурии Белорус Андрей Иванович мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои Нақшаи якҷояи амалишавии Шартнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Белорус ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф барои солҳои 2023 – 2026, татбиқи амалии лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯхтани таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзида ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар самти илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раҳим Саидзода иброз дошт, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белорус дар соҳаи маориф ва илм дар асоси созишномаҳои дуҷониба ба роҳ монда шуда, рӯз то рӯз дар самти таҳсилоти миёна ва олии касбӣ рушд карда истодааст. Вазири маориф ва илм аз Форуми якуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Белорусу Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд намуд, ки соли гузашта миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Белорусу Тоҷикистон 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки далели рӯшани рушди ҳамкориҳои дуҷониба аст.
Дар навбати худ Андрей Иванович қайд намуд, ки вохӯрии имрӯза боиси вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мулоқот вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф ва илми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода ва сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм Фаррух Худойдодзода ҳамроҳӣ менамоянд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон