МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ВАЗИРИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ, ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

20-09-2023
20 сентябри соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳим Саидзода дар шаҳри Тошкент бо вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдураҳмон Иброҳимов мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯхтани таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзида ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар самти илму маориф байни кишварҳои дӯсту бародар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раҳим Саидзода иброз дошт, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи маориф ва илм дар асоси созишномаи байниҳукуматӣ аз 10-уми январи соли 1997 шурӯъ гардида, дар натиҷаи ташаббусҳои роҳбарони ду давлат тайи солҳои охир ба таври назаррас тавсеа ёфта истодаанд. Вазири маориф ва илм аз Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Форуми чоруми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Ӯзбекистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки соҳаҳои илму маориф дар кишварҳои минтақа аз лиҳози системавӣ ба ҳам наздик шуда, заминаи мусоид барои вусъати ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи маориф ва илм ба вуҷуд оварда шавад.
Дар навбати худ Абдураҳмон Иброҳимов қайд намуд, ки вохӯрии имрӯза боиси вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мулоқот вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода ва сармутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм Омина Абдураҳмонзода ҳамроҳӣ намуданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон