МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО БО МУОВИНИ ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ХОНУМ АМИНА МУҲАММАД

07-06-2022
7-уми июни соли ҷорӣ дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 - 2028” дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф мулоқоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро бо Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад баргузор гардид.
Нахуст, вазири маориф ва илми кишвар Р.Саидзода бо изҳори қаноатмандӣ иброз намуд, ки бо мақсади иҷрои ташаббуси роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба бозбинии соҳаи маориф дар ҳамаи манотиқи кишвар ҷанбаҳои имконпазири таҷдиди соҳаи маорифи кишвар дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ машвартҳо баргузор гардиданд. Дар назар аст, ки моҳи сентябри соли 2022 дар доираи  ҳафтаи баландпояи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Саммити таҷдиди назари соҳаи маориф баргузор гардад, ки дар он масъалаҳои мубрами соҳаи маориф таҷидиди назар карда мешаванд.
- Раванди ислоҳоти соҳаи маориф рӯ ба низоми муайян овардааст. Дар ин раванд иштироки шарикони рушдро мо хуб арзёбӣ менамоем. Марказе, ки мо айни ҳол қарор дорем, бо дастгирии  Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо бозсозӣ карда шудааст, - зикр кард вазир. - Марказ дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи давлатии рушди низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 таъсис дода шуда, пурра бо технологияи муосир ҷиҳозонида шудааст. Дар назар аст, ки чунин марказҳои замонавӣ дар филиалҳои донишкада дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ бо дастгирии ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо таъсис ва муҷҷаҳаз хоҳанд шуд, ки ин метавонад як ташаббуси хуб барои омӯзгорон ва хонандагон шавад. 
Дар идомаи мулоқот таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯз ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ равона карда шудааст. Ин аст, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас, солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидааст.
Ҳамзамон, бо мақсади  рақамикунонии таҳсилоти умумӣ, ба вуҷуд овардани шароит барои таҳсилоти фосилавӣ, дар кишвар  татбиқи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-комуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул ва амалӣ шуда истодаанд.
Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад дар навбати худ аз ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илм бо СММ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, ҳамзамон, зикр кард, ки баъд аз пандемияи КОВИД-19 баргузор намудани чунин як конференсияи сатҳи баланд дастоварди хеле бузург аст. 
- Пандемияи КОВИД-19 исбот кард, ки дар чунин ҳолатҳои ҳассос танҳо илм ва дониш муҳимтарин васила ба шумор меравад ва аксарият дарк карданд, ки маҳз илму дониш арзиши олӣ мебошад, - зикр кард хонум Амина Муҳаммад. – Яъне, на ҳама имкони истифода аз муносибати онлайниро дошт ва дар баробари омӯзгорон ҳатто худи волидайн низ дар самти мудирияти кор, хонавода ва назорату тарбияи фарзандон мушкилоти зиёде доштанд.
Гузашта аз ин, имрӯзҳо донистани забон ва илмҳои табиатшиносию дақиқ дар тамоми кишварҳо дар сатҳи паст қарор дорад ва мо ҳоло бояд ба он нукта таваҷҷуҳ кунем, ки ҳарчи зудтар ба Ҳадафҳои 4-уми Рушди Устувор ноил гардем. Ва мо бисёр шодем, ки имрӯз Шумо дар ин самт корҳои назаррасро анҷом дода, иқдомоти ҷиддиро рӯйи даст гирифтаед. 
Баъд аз мулоқоти расмӣ, меҳмонон аз раванди кор дар «Маркази таълимӣ ва омӯзиши инноватсионӣ” шинос шуданд. Зимни боздид аз марказ, иттилоъ дода шуд, ки он пурра бо технологияи муосир ҷиҳозонида шудааст. Таъсиси марказ имкон медиҳад, ки дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон бо дарназардошти пешрафти илм ва ба вуҷуд омадани шаклҳои инноватсионии таълим ислоҳоту навовариҳо ворид карда шавад. Марказ аз студияҳои сабти дарсҳои аудиоию видеоӣ, маркази дастгирии омӯзгорон, ҳуҷраи танзимнамоӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона бо 27 ҷойи нишаст ва толори баргузории омӯзишҳо иборат мебошад, ки метавонад дар амалӣ гардидани рақамикунонии системаи такмили ихтсисос нақши бориз гузорад.  
Дар студияи сабти дарсҳои видеоӣ метавон дар асоси стандарт, барнома ва китобҳои дарсии амалкунанда бо ҷалби омӯзгорони навовару эҷодкор ва ботаҷриба дарсҳои видеоӣ (наворҳои таълимӣ) ба навор гирифт. Таҳияи дарсҳои видеоӣ  ва дастрас намудан ба муассисаҳои умумӣ барои омӯзгорону хонандагон маводи хуби ёрирасон ба шумор рафта, метавонад дар баланд гардидани сифати таҳсилот нақши муҳим дошта бошад. Бо таҳияи дарсҳои видеоӣ, шароити дар таълиму омӯзиш истифодаи самараноки технологияи информатсионӣ муҳайё карда шуда, раванди таълиму тарбия дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тақвият меёбад. Аз ин лиҳоз, таҳия ва истифодаи дарсҳои видеоӣ имрӯзҳо метавонад яке аз роҳҳои баланд бадоштани сифати таҳсилот ба шумор равад. Ҳангоми истифодаи дарсҳои видеоӣ хонанда ё дигар хоҳишмандон имкон пайдо мекунанд, ки ҳар як мавзуи навро зуд ва хуб аз худ кунанд. Ҳамчунин, омӯзгор аз сабтҳои мазкур дар раванди дарсҳо низ фаровон истифода бурда, сатҳи азхуднамоӣ ва дарки масъалаҳои омӯхташавандаро барои хонандагон таъмин менамояд.
Дарсҳои ба навор гирифташуда дар ҳуҷраи танзимнамоӣ бо дарназардошти арзишҳои миллӣ ва тақризи муқарризон танзим карда мешавад. Дарсҳои видеоии омодашуда ҷиҳати намоиш додаан  дар шабакаҳои телевизионӣ ва пешниҳод ба муассисаҳои таълимӣ омода карда мешавад. 
Айни ҳол дар донишкада бо мақсади ворид ва ҳамгиро кардани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба раванди таълим ҷиҳати гузаштан ба модели “Омӯзиши омехта” чораҳои амалӣ андешида мешавад. Маркази дастгирии омӯзгорон дар гузаштан ба модели “Омӯзиши омехта” нақши муҳим дорад. Зеро ба воситаи ин марказ омӯзгорону кормандони донишкада ва филиалҳо метавонанд бо истифодаи техникаю технологияи инноватсионии таълим шинос гардида, дар навбати худ ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ – шунавандагони курсҳои такмили ихтисос омӯзонида бошанд. Дар маркази мазкур ҷиҳати муайян намудани ниёзи касбии омӯзгорон ва дар асоси он таҷдиди назар намудани нақшаю барномаҳои таълимӣ озмоишу арзёбиҳо гузаронидашуда, дастури таълимию методӣ ва  роҳнамо таҳия карда мешавад.
Марказ метавонад раванди омӯзиш ва тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогиро дар донишкада тақвият бахшад. Бо истифода аз марказ метавон дарсҳои намунавиро дар асоси барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ба навор гирифта, ҷиҳати ташкили курсҳои фосилавӣ заминаи воқеӣ гузошт. 
Марказ дорои китобхона ва толори баргузории омӯзишҳо низ мебошад. Китобхонаи марказ бо китобҳои электронӣ таъмин карда шуда, барои истифодаи васеъи омӯзгорон – шунавандагони курсҳои такмили ихтисос пешниҳод карда мешавад. 
 Ҳамзамон, дар маркази мазкур Паёми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ва Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад доир ба аҳамияти таҳсилот барои тамоми кӯдакони Тоҷикистон сабт гардид. Зимни ироаи паёми худ таъкид карданд, ки ҳуқуқ ба таҳсил ин ҳуқуқи конститутсионии кӯдакон аст ва аз он бояд фаровон истифода баранд. Мо дар навбати худ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки таҳсилоти босифат ва дастрасии онро ба тамоми қишрҳои ҷомеа таъмин намоем.