Муъминобод. МУЛОҚОТИ СУДМАНД ВА ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

14-07-2024
Дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми мамлакат муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сардори раёсати маориф муҳтарам Зиёдулло Абдулзода ташкил гардида, дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон вохӯрию аёдат, қадрдонӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда истодааст.
Ҳамингуна вохӯрӣ дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон муҳтарам Зиёдулло Абдулзода ва кормандони соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва дигар масъулон гузаронида шуд.
Дар рафти вохӯрии мазкур муҳтарам Зиёдулло Абдулзода аз ғамхориҳои Пешвои муззами миллат нисбат ба соҳаи маориф ибрози назар намуда, қайд доштанд, ки дар баробари дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи кишвар соҳаи маорифи низ дар мадди аввали Ҳукумати кишвар қарор дорад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар сартосарии кишвар садҳо иншооти соҳаи маориф сохта ба истифода дода шудааст, ки барои фароҳам овардани шароити хуби таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ нақши бағоят бузург мебозад.
Дар идома мулоқот вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон санаи 25-уми майи соли равон сухан карда, дар барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, мустаҳкам кардани ҳамкории волидон бо муассисаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои лаёқатманди омӯзгорӣ изҳори назар карданд.
Ҳамчунин, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода ба як қатор ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ Ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Бахши матбуоти 
Раёсати маорифи вилояти Хатлон