Муносибати босалоҳият ва рушди таҳсилот

23-04-2018
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва натиҷабахшии раванди он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи стандартҳои фаннӣ, аз ҷумла, Стандартҳои фаннии синфҳои ибтидоиро ба роҳ мондааст. 
Дар  асоси  ба  эътибор  гирифтани  таҷрибаи  ҷаҳонӣ  дар  раванди  сдандартикунонӣ  ва  дастовардҳои  соҳаи  маориф  дар  ислоҳоти  соҳа, ки  тайи  солҳои  охир  татбиқ  мегарданд,  Вазорати  маориф  ва  илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барномаҳои  навро  ҳамчун  як  ҷузъи  таркибии  ислоҳоти  пурраи  мундариҷаи  таҳсилот  таҳия  намудааст.
Стандартҳои фаннии  синфҳои  ибтидоӣ  ҷузъи таркибии  ташаккули стандартҳои фаннӣ  мебошанд. Стандартҳои  мазкур  дар асоси муносибати босалоҳият ба таълим таҳия шуда, талаботи Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи  умумиро ба эътибор гирифтааст. 
Сохтор   ва  услуби  пешниҳоди  стандарт  тарзе  интихоб  шудааст,  ки  фаъолияти  омӯзгорони  синфҳои  ибтидоиро  дар  раванди  ба  нақшагирӣ  ва  таълиму  арзёбӣ  осон  мегардонад.
Дар “Роҳнамои стандарти  фаннӣ”  (соли 2008)  омадааст,  ки  дар  асоси  талаботи  муосири  равиши  таълим - таҳсил - тарбия, тартиб  додани  алоқа (робита) - и моҳиронаи  малакаи  таълимӣ  дар  равиш  (процесс) - и  педагогӣ  ташаккули  воситаҳои  коммуникативӣ -салоҳият  дар  мадди  аввал   мебошанд.
Бе  шубҳа,  дар  марҳалаи  ибтидоии  омӯзиш - таълим  дар  ҷараёни педагогӣ  масоили  зиёде  пайдо  мегарданд,  ки  ҷузъан  ба  истифодаи  стандартҳо,  барномаҳои  таълимӣ,  китобҳои  нав  барои  хонанда  алоқаманданд. 
Муносибати босалоҳият дар таълим  ягонагии  дуалистии  диалектикӣ  буда,  дар  асоси  қонунҳои  фалсафа: муборизаи  ба  ҳам  зидҳо  ва  пешравӣ,  қонуни  инкори инкор,  қонуни  аз  миқдор  ба  сифат  мубаддал  гардидани  фаъолият амал  намуда, рушд  ва  нумӯъро  дар  соҳаи  омӯзиш, таълим ва тарбия  таъмин  менамояд.
Ин ягонагии дуалистӣ, дар  пайвастагӣ бо  ҳам дар  рафти омӯзиш, таълим, тарбия,  зиддиятҳоро барҳам зада, роҳҳои таъмини омӯзишро  якҷоя ҳал намуда, омӯзишро  аз  кам ба  беҳтар, аз беҳтар  ба  аъло, аз сода ба мураккаб,  яъне  то ба аз худ намудани  мавзӯъи  таълимӣ  мерасонад.
Таҳияи  стандартҳои фаннии Вазорати  маориф  ва  илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  беҳтар  ва хубтар  намудани  малакаву маҳорати  касбии  омӯзгор, баланд бардоштани  нишондиҳандаи самаранокии  раванди  таълим, дарки  масъулият,  ташаббусу  эъҷодкорӣ  равона  гардидаанд.  Дар  ин раванд масъулиятнокии  омӯзгор  барои  афзудани нишондиҳандаҳои  таълимии  хонандагон  ба  маротиб  меафзояд.
Оростамо ЗИКУЛОЕВА, 
унвонҷӯи кафедраи педагогикаи  ДДҚ ба  номи Носири Хусрав, 
омӯзгори  мактаби №1, ноҳияи Балҷувон