Муҳокимаи татбиқи барномаи нав дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

27-11-2019
Рӯзҳои 25-26-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе семинари дурӯза доир гардид, ки дар он намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи истимоии аҳолӣ ширкат варзиданд. 
Зимни суханрониҳои ифтитоҳии масъулин иттилоъ дода шуд, ки ҳадафҳои асосии семинар аз эҷоди тавонмандӣ дар мактабҳои пилотӣ барои муносибати ҳамаҷонибаи мактаб ба тарзи ҳаёти солим, муҳокима ва таҳияи нақшаҳои инфиродии мактабӣ, муҳокимаи истифодаи потенсиали захираҳои маҳаллӣ барои беҳтар кардани татбиқи мактабҳои солимгардонӣ, ҳамоҳангсозии мониторинг ва нишондиҳандаҳои сатҳи ғизои солим ва фаъолияти ҷисмонӣ, инчунин беҳтар кардани вазъи таъминот бо об, санитария ва гигиена дар мактабҳо иборат мебошад.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ дар шаш муассисаи таҳсилоти умумӣ лоиҳаи «Муассисаҳои таълимии ба саломатӣ мусоидаткунанда» татбиқ мегардад, ки бо дастгирии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ роҳандозӣ шудааст. 
Дар доираи лоиҳаи «Муассисаҳои таълимии ба саломатӣ мусоидаткунанда» асосан чораҳо оид ба ҳифз ва мустаҳкам намудани саломатии хонандагону донишҷӯён, инчунин, пешгирии омилҳои хавф, рафъи парҳезҳои носолим, дастрасӣ ба оби босифати ошомиданӣ, беҳтар намудани шароити санитарӣ, ҳавасмандгардонии кӯдакон ба тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани фазои мусбати иҷтимоию равонӣ дар мактабҳо андешида мешавад.
Шабакаи аврупоии мактабҳо, ки тарзи ҳаёти солимро тарғиб мекунад, тӯли 30 сол аст, ки дар аксар кишварҳо дар таҳкими ҳамкориҳо миёни соҳаҳои маорифу тандурустӣ дар таъмини саломатӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии кори мактабӣ мусоидат менамояд. 
Дар рафти семинар зикр гардид, ки мактабҳое, ки сиёсати тарзи ҳаёти солмиро пеш мебаранд, қобилияти кӯдакон ва калонсолонро дар муҳити бехатар ва солими иҷтимоӣ, ҷисмонӣ ва равонӣ баланд бардошта, дар ташаккули муносибати шуури хонандагон ба саломатӣ ва саломатии дигарон саҳм мегузоранд.