МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ВАЗЪИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ ШИНОС ШУД

18-05-2023
18 майи соли равон тибқи дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода дар доираи сафари корӣ бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон шинос гардид.
Нахуст зимни боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и деҳаи Шехмизон маълум гардид, ки дар муассиса 343 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 24 нафар омӯзгор ба онҳо дарс мегӯянд. Муассиса аз ду бинои таълимии навсохт (як бинои якошёна ва як бинои дуошёна) иборат буда, дорои 11 синфхона мебошад.
Муовини вазири маориф ва илм бо рафти дарсгузарӣ дар синфхонаҳо шинос гардид. Ҳангоми ворид шудан ба синфи 11"А" маълум гардид, ки аз 17 нафар хонанда 15 нафар дар синф ҳузур дорад. 16 нафар хонанда ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридаанд. Вазъи рӯзномадории хонандагон чандон қонеъкунанда набуда, рӯзномаҳои онҳо ҳафтаҳо боз аз ҷониби падару модарон имзо нагардидааст. Масъалаи дигар ин наовардани китобҳои дарсӣ бо худ буд. Новобаста ба оне ки тибқи ҷадвали дарсӣ имрӯз хонандагон 5 соат дарс доштанд, хонандагон китобҳои дарсиро бо худ наовардаанд.
Мутаассифона, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Ховалинг то имрӯз омӯзгорон музди меҳнати моҳи апрелро нагирифтаанд.
Дар рафти суҳбат бо хонандагон ва омӯзгорон Зиёдулло Абдулзода вобаста ба бо худ овардани китобҳои дарсӣ аз ҷониби хонандагон, ҷалби падару модарон ба тафтиши рӯзномаҳои хонандагон, беҳтар фаъолият намудани созмонҳои талабагӣ, риояи либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону омӯзгорон, иштироки хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои гуногун, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, муаррифӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол, дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар андешаронӣ намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дар идома муовини вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ба номи Гадозода Салоҳиддини деҳаи Ҷомбахт боздид карда, бо фаъолият ва базаи моддиву методии муассиса шинос гардид. Иттиллоъ дода шуд, ки бинои муассиса соли 2018 сохта шуда, дорои 8 синфхона мебошад ва дар он 34 нафар омӯзгорон ба 284 нафар хонанда дар ду баст дарс мегӯянд.
Зимни шиносоӣ бо рафти дарсгузарӣ дар синфҳои 9”А” ва 11“А” маълум гардид, ки хонандагон бо маводи зарурии таълим таъмин мебошанд. Вале фарши шикастаи синфхонаҳо, мизу курсиҳои шикаста ба самаранокии раванди таълим халал мерасонанд. Дарси тарбияи ҷисмонӣ берун аз барномаи дарсӣ сурат гирифта, ҷараёни дарсгузарӣ дар дигар синфҳоро халалдор намудааст.
Зимни суҳбати озод ва самимӣ бо омӯзгорони муассисаи таълимӣ, асосан, масъалаи аттестатсияи давлатии хатм мавриди баррасӣ қарор гирифта, Зиёдулло Абдулзода оид ба вазъи омодагии хатмкунандагон ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, аз бар намудани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат", ""Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат", "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" изҳори назар кард. Ба масъулин ва омӯзгорон таъкид кард, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф аст. Қайд гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба таълиму тарбия, махсусан, сифати таҳсилот диққати махсус дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат рисолати омӯзгории худро бо масъулияти баланд иҷро намоем.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон