МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ВАЗЪИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ШИНОС ШУД

29-04-2023
Имрӯз, 29 апрели соли равон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода ва сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Шарофиддин Асомиддинзода  дар доираи сафари корӣ бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон шинос гардиданд. 
Нахуст зимни боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Восеъ маълум гардид, ки дар муассиса 1299 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 65 нафар омӯзгорон ба онҳо дарс мегӯянд. 
Муовини вазири маориф ва илм бо рафти дарсгузарӣ дар синфхонаҳо шинос гардид. Ҳангоми ворид шудан ба синфи 9"А" иттилоъ дода шуд, ки аз 28 нафар хонанда 24 нафар дар синф ҳузур дорад. Вазъи рӯзномадории хонандагон чандон қонеъкунанда набуда, рӯзномаҳои онҳо ҳафтаҳо боз аз ҷониби падару модарон имзо нагардидааст. Масъалаи дигар ин наовардани китобҳои дарсӣ бо худ буд. Новобаста ба оне ки тибқи ҷадвали имрӯз хонандагон 5 соат дарс доштанд, ҳамагӣ 1 нафар хонанда 3 китоб, 3 нафар 2 китоб ва баъзеҳо умуман бо худ китоб наовардаанд. Дар синфи 11"Б" бошад аз 28 нафар хонанда ҳамагӣ 16 нафар иштирок дошта, дар дарси забони англисӣ (омӯзгор Тағоев Абдумуталиб) ягон нафар бо худ китоби дарсӣ наовардааст. Ҳамагӣ чанд нафар хонанда бо худ 1 ё 2 номуй китоби дарсӣ оварда, 9 нафар бе китоб ба дарс ҳозир шудаанд, ҳол он ки бо китобҳои дарсӣ таъмин гардидаанд. Дар маҷмӯъ аз 85 нафар хатмкунандагони синфи 11 ҳамагӣ 56 нафар ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридаанд. 
Дар рафти суҳбат бо хонандагон ва омӯзгорон Зиёдулло Абдулло вобаста ба бо худ овардани китобҳои дарсӣ аз ҷониби хонандагон, ҷалби падару модарон ба тафтиши рӯзномаҳои хонандагон, беҳтар фаъолият намудани созмонҳои талабагӣ, риояи либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону омӯзгорон, иштироки хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои гуногун, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, муаррифӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол, дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар андешаронӣ намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дар идома тибқи дастури вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода муовини вазири маориф ва илм аз мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Восеъ боздид карда, бо фаъолият ва базаи моддиву методии мактаб-интернат шинос гардид.
Сипас вохӯрии муовини вазири маориф ва илм бо директорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сурат гирифт. Зимни суҳбати озод ва самимӣ бо директорони муассисаҳои таълимӣ, асосан, масъалаи аттестатсияи давлатии хатм мавриди баррасӣ қарор гирифта, Зиёдулло Абдулзода оид ба вазъи омодагии хатмкунандагони муассисаи таълимӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, интихоби касб, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, аз бар намудани 400 вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат", ""Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат", "Тоҷикистон - Ватани азизи ман " изҳори назар кард. Ба масъулин ва омӯзгорон таъкид кард, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф аст. Қайд гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба таълиму тарбия, махсусан, сифати таҳсилот диққати махсус дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат рисолати омӯзгории худро бо масъулияти баланд иҷро намоем.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон