МУШОҲИДА МУРОҶИАТ: ТАЛАБОТ, ХОҲИШ ВА ВОҚЕИЯТ

10-09-2022
 
10-уми сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ва муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода дар Вазорати маориф ва илм қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дархосту муроҷиати шаҳрвандон мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуд.
Муроҷиати шаҳрвандон ба ниҳоди дахлдор яке аз талаботҳоест, ки ба назар гирифтани он ва риояи тартиби он тибқи қонун масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад. Чунин менамояд, ки аз ҳама бештар муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти маҳал дар шаҳру навоҳӣ ва вазоратҳои тибу маориф бештар аст. Ин бесабаб ҳам нест: мардум эҳтиёҷ ва ба ниҳоди масъул эътимод доранд, ки барои ба даст овардани хостаҳояшон бевосита ба боло муроҷиат мекунанд ва... махсус ба шахси аввали ниҳоди дахлдор. Шаҳрвандон дар ҳар шакл метавонанд ва ҳақ доранд ба ниҳоди дахлдор муроҷиат кунанд ва кумак хоҳанд. Аммо ногуфта намонад, ки агар дар муроҷиат тартибу низоми муайян набошад, имкони фаъолият кардани идораву вазоратҳо душвор мегардад. Барои ҳамин дар хусуси тартиби муроҷиати шаҳрвандон як қатор санадҳо дар кишвар ба имзо расидааанд. Аз ҷумла, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон” (Моддаи 5) таъкид шудааст, ки дар муроҷиат бояд фамилия, ном, суроғаи шаҳрванд, моҳияти таклиф, ариза ё шикоят зикр гардад. Мутаассифона, бештари муроҷиатҳои хаттӣ пурғалатанд, ҳатто ба ариза ба номи кадом роҳбари ниҳоди дигар навишат шуда, ба вазири маориф пешниҳод мегардад. Инро чӣ бояд гуфт: беэҳтиромӣ ё саҳлангорӣ?
Ҳол он ки қонун муайян кардааст: муроҷиатҳое, ки дар онҳо ном, номи падар, фамилия ва суроғаи шаҳрванди муроҷиатнамуда зикр нашудаанд ва ё ба воқеият мувофиқ нестанд, муроҷиатҳои беном буда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” санади дигарест, ки ин муносибатҳоро ба танзим медарорад. Дар моддаи 8 –и ин қонун уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зимни пешниҳоди муроҷиатҳо нишон дода шудааст. Зимни он муроҷиати хаттӣ бояд хондашаванда бошад, эҳтироми шахсони ваколатдор риоя гардад, ба таҳқири шахсияти масъули иҷрои кор роҳ дода нашавад, дар сурати тағйир ёфтани маълумоти асосӣ (суроға, рақами телефон, ҷойи кор) шахси баррасикунандаи муроҷиат огоҳ карда шавад ва ғайра. Баъзан чунин беаҳамиятии муроҷиаткунандагон боис мегардад, ки ҷавоб ба муроҷиаткунанда сари вақт намерасад.
Яке аз талаботҳои дигари қонун бевосита ба ниҳоди дахлдор муроҷиат кардани шаҳрванд аст, ки мутаассифона, на ҳама инро ба назар мегиранд. Менигарем ба тартибу мазмуни муроҷиати шаҳрвандон дар Вазорати маориф ва илм дар ду ҳафтаи охир.
Роҳбарияти Вазорати маориф ва илм (вазир, муовини аввал ва муовинон) дар ҳавлии Вазорат шаҳрвандонро қабул мекунанд. Дарвоқеъ, баъзеҳо ба чунин тарзи қабул эрод ҳам доранд, ки тааҷҷубовар ҳам ҳаст. Ин тартиб барои қабули шаҳрвандон муҳити шаффофро пешниҳод мекунад ва шояд ҳамин аст, ки шаҳрвандон дар сурати иҷро нашудани хоҳишашон асосан иддаои ҷиддие пеш намеоранд.
Шароити қабули шаҳрвандон муҳайё карда шудааст. Ҳар як мизи қабули шаҳрвандон аз ҳамдигар ба фосилаи 2-3 метр ҷо гирифта, шаҳрвандон дар як гӯша бо ҷойи нишаст таъмин карда мешаванд. Барои шаҳрвандон, ки аксарияташон тартиби муроҷиати хаттиро намедонанд, кормандони вазорат, бахусус, мудири шуъбаи умумӣ (Ҷамшед Ҷумъазода) коғазу қалам омода карда, маслиҳатҳо медиҳанд. Чанд чизе, ки дар қабул диққати моро ҷалб кард: маҳал ё муассиса, масъала ва сабаби муроҷиат.
Дар ду ҳафтаи охир 70 нафар беш аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор, Ҳамадонӣ, Восеъ, Кушониён, Норак, Панҷ, вилояти Суғд, Панҷакент, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин, як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бештар муроҷиат шудааст.
Масъалаҳое, ки муроҷиат кардаанд, асосан инҳоянд: интиқол аз як муассиса ба муассисаи дигар, барқарор кардан ба курс ё синфи дилхоҳ, бекор кардани шартномаи таҳсил, қабул ба синфи 1, идомаи таҳсил, қабул ба шуъбаи магистратура, гирифтани диплом ё аттестат, нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, роҳхат ба осоишгоҳ.
Сабабҳо гуногунанд. Гумон меравад, мушкили мардум ба марказ кӯчидан дорад, зеро табиист, ки худи мардум шароит доранд ё не, бештар хоҳиши ба марказ омадан доранд.
Ду чизи ба ҳам омехта, ки боиси нигаронист, ба интиқолу бекор кардани маблағи шартномаи таҳсил рабт дорад. Чаро?
Шояд барои довталабон муҳим донишҷӯ шудан аст, зеро новобаста аз он ки ба ихтисоси дилхоҳашон дохил мешаванд ё не, таҳсил шартномавӣ аст ё буҷавӣ, дар вақташ ҳуҷҷат месупоранд. Вақте ки донишҷӯ шуданд, муроҷиат ба вазорат сар мешавад. Ба муроҷиаткунандагон фаҳмонда мешавад, ки бекор кардани маблағи таҳсили донишҷӯён асосан ба ихтиёри муассисаи дахлдор аст, вале ку гӯши шунаво? Ба ҳеч ваҷҳ қабул намекунанд. Духтараке дар кадом коллеҷе ба тариқи шартномавӣ дохил шудааст, ҳанӯз як моҳ нашуда, модараш бекор кардани маблағи таҳсилро мепурсад. Нафари дигар дар муассисаи таҳсилоти хусусӣ дохил шудааст, ки баробарвазни он дар ҷумҳурӣ нест. Аммо исрор дорад, ки ӯро ба Донишгоҳи тиббӣ (!) интиқол намоянд. 
Ташвиши донишгоҳҳо ҳам аз ин вазъият кам нест.
Чизи дигар ин ки хонанда ба хориҷа меравад, як синф ё курс поён қабул мешавад, эътирозе намекунад, баъди чанде баргашта бо ҳамсолонаш таҳсил кардан мехоҳад, ки ин номумкин аст.
Қабули кӯдакон ба синфи 1 масъалаеро пешорӯи мо қарор медиҳад: баъзе кӯдакон ба сабаби мувофиқ наомадани вақти муқарраршуда имкони ба синфи 1 рафтан надоранд. Ин тартиб барои кӯдаконе, ки аз ҷиҳати рӯҳиву ҷисмонӣ ба талабот ҷавобгӯ бошанд, ташвишовар ҳам ҳаст. Далели ин маънӣ муроҷиати чанд падару модар бо кӯдаконашон аст. Ин қабил кӯдакон дарвоқеъ, доночаанд ва ба хотири 1-2 моҳ шояд вақташон зоеъ бигардад. Вале бояд падару модарон як нуктаро ба назар гиранд: тибқи талаботи психологӣ кӯдаконро бояд омода ба мактаб намуд. Агар қобилияти даркаш андаке заъфият дошта бошад, набояд кӯдакро аз бозӣ берун кунанд, рӯҳи кӯдак осеб мебинад.
Чизи дарднок ба забон омадани омӯзгорон аст, ки мехоҳанд меҳнаташон қадрдонӣ гардад. Яке барои ба даст овардани нишони "Аълочии маорифи Тоҷикистон” муроҷиат мекунад, дигаре барои роҳхат. Дар ҳоле ки ин ҳаққи ҳалоли омӯзгорони навовару эҷодкор ва фаъол аст, чаро дар поён беҳтаринҳоро намебинанд? Албатта, ҳаст нафаре ки дар се соли собиқаи кор худро сазовори ин нишон мегардонад ва ҳаст нафаре, ки дар 40 сол худро хуб нишон дода натавонистааст. Аммо мутаносибан бояд иттифоқи касаба дар поён ба маъмурият пешниҳод кунад, ки киҳо ҳаққи чӣ гуна мукофот гирифтан доранд.
Вақте омӯзгор ба забон омада, ҳаққи истироҳаташро талаб мекунад, бояд ӯро қонеъ кард. Бовар дорем, агар фаҳмондадиҳӣ дуруст бошад, ҳеч гуна эътироз ба миён намеояд.
Масъалаҳо ҳамеша ҷой доранд, аммо бояд донем, ки на ҳамеша онҳо иҷрошавандаанд. Аз ин рӯ, аз муроҷиаткунандагон хоҳиш карда мешавад, ки ин ҳолатро дарк кунанд, ҷойи вақтро беҳуда сарф кардан нақшаи дурнамои худро таҳия намоянд, то дар наздиктарин фурсат фарзандон дучори мушкилӣ нагарданд. Умедворем, дар оянда тағйиротҳо зиёд мешаванд ва шароити таҳсилу фаъолият ҳам беҳтар мегардад. Муҳим ҳамдигарфаҳмии мост, мутсаҳкам намудани робитаи мактаб-оила-ҷомеа.
Зимни қабули шаҳрвандон вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид кард, ки масъулини раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат вазифадоранд, ки дархосту муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандонро дар кӯтоҳтарин муҳлат мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, тибқи тартиби муқарраргардида ба муаллифони муроҷиат посухҳои хаттӣ пешниҳод намоянд.

Саида НАБИЗОДА – сармуҳаррири
маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон”