МУШОВАРАИ САЙЁР: РАФЪИ АКСАРИ МУШКИЛОТИ ҶОЙДОШТА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ АЗ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТ ВА ШАҲРУ НОҲИЯҲО ВОБАСТА АСТ

19-11-2022
ОҒОЗ
17-уми ноябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Зарафшони вилояти Суғд” баргузор гардид, ки дар он муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм (ба таври онлайнӣ ва ҳузурӣ), сардорону кормандони раёсат, шуъбаю бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорону мудирон ва кормандони раёсат, шуъба ва бахшҳои маориф, мудирон ва директорони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии вилоят иштирок намуданд.
Тибқи рӯзнома, нахуст, дар ҷаласа вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Шаҳристон, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод ва Айнии вилояти Суғд бо пешниҳод гардидани гузоришҳои муфассал аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳои корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Оид ба вазъи вазъи соҳаи маорифи шаҳри Истаравшан гузориши З.Назрулозода-муовини сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат, оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Деваштич гузориши Д.Маҳмадғиёс-сармутахассиси шуъбаи сифати таҳсилоти вазорат, оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳристон гузориши М.Қурбонзода-сардори шуъбаи сифати таҳсилоти вазорат, оид ба вазъи соҳаи маорифи шаҳри Панҷакент гузориши М.Сироҷзода-сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат, оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ гузориши Ҳ.Наврӯзов-мушовири Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Зафаробод гузориши С.Камолзода-мудири шуъбаи таҳсилот ва технологияи педагогии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Айнӣ гузориши С.Туронов-муовини директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф шунида шуд.
Тибқи дастури раиси ҷаласа, вазири маориф ва илм Р.Саидзода бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи маориф зимни баррасии масъалаҳо, дар баробари муаррифии дастовардҳо, маърӯзакунандагон бештар ба проблемаву мушкилоти ҷойдошта таваҷҷуҳ намуданд.
 
ИСТАРАВШАН: 4 МУАССИСА ДАР ҲОЛАТИ САДАМАВӢ ҚАРОР ДОРАД
Дар шаҳр 74 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият намуда, аз он 64 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 литсей, 6 гимназия, 1 муассисаи ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 мактаб-интернат мебошад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 60868 хонанда, аз ҷумла, 29860 духтар ба таьлим фаро гирифта шудааст.
Соли таҳсили 2021-2022 синфи 11-ро 3664 хонанда (1952 духтар) хатм намудааст, ки аз онҳо 1576 нафар (877 духтар) тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 нафар (8 духтар) тибқи квотаи Президентӣ ва 165 нафар (5 духтар) ба донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар дохил шуданд, ки дар маҷмуъ 48%-ро ташкил медиҳад. 
Дар муассисаҳои таълимии шаҳр айни замон 3391 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, соли таҳсили 2022-2023 аз 85 нафар мутахассиси ҷавони тибқи роҳхат ба кор фиристодашуда 52 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуданд. 
Айни замон муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин бошанд ҳам, аз ҳисоби ба зергурӯҳҳо ҷудо нагардидан аз фанҳои забони русӣ 11 нафар, забони англисӣ 12 нафар, технологияи иттилоотӣ 7 нафар, дар маҷмуъ барои 30 нафар омӯзгор эҳтиёҷот ба миён омадааст. 
Соли таҳсили 2022-2023 ҳарчанд 60 нафар мутахассиси ҷавони дар муассисаҳои таълимии деҳот фаъолияткунанда бо иловапулии 10% таъмин шуда бошанд ҳам, аммо тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 танҳо як нафар дар ҳаҷми 6000 сомонӣ аз имтиёз бархурдор гардидааст, ки ин нокифоя арзёбӣ мегардад.
Ҳаракати олимпӣ дар шаҳр хуб ба роҳ монда шуда, дар соли таҳсили 2021-2022 78 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, 2 нафар ҷойи якум, 11 нафар ҷойи дуюм, 15 нафар ҷойи сеюмро соҳиб гардидаанд. Инчунин, соли ҷорӣ хонандагони шаҳр дар олимпиадаи байналмилалии “ТееnEagle” 3 ҷойи дуюм, 3 ҷойи сеюм ва дар олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия” 4 ҷойи сеюмро ба даст овардаанд. 
Зимни санҷиш маълум гардид, ки таъминоти муассисаҳои таълимии шаҳр бо китобҳои дарсӣ 72,9%-ро ташкил медиҳад. Норасоии китобҳои дарсӣ асосан аз фанҳои забони англисӣ, забони русӣ, математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик ва география дар синфҳои 6, 8, 9, 10 ташкил медиҳад.
Ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 бо ҷалби маблағҳои буҷавӣ, соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба муассисаҳои таълимии шаҳр дар соли 2022 аз 327 компютери банақшагирифташуда 105 адад харидорӣ шудааст, ки 32,1%-и нақшаро ташкил медиҳад. 
Тибқи талаботи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 дар муассисаҳои таълимии шаҳр дар давоми солҳои 2021-2022 113 кабинети фаннӣ ва 2 озмоишгоҳи таълимӣ бояд харидорӣ мешуд, ки аз он танҳо 24 кабинети фаннӣ ва 1 озмоишгоҳ харидорӣ ва таҷҳизонида шуда, иҷрои нақша мутаносибан 21,2% ба 50%-ро ташкил медиҳад. 
Дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот таъсис дода шудааст, аммо зимни санҷиш маълум гардид, ки масъулини гурӯҳҳо танҳо бо гирифтани корҳои хаттӣ ва тестӣ қаноат карда, сабабу омилҳои паст ё баланд гардидани сифати таҳсилотро маврдиди таҳлилу муқоиса қарор надодаанд. 
Ягона ҳолати ташвишовар ин садамавӣ будани муассисаи таълимии №№18, 39, 48, 50 ва ба таъмири асосӣ ниёз доштани муассисаҳои таълимии №12, 17, 47 мебошад.
 
ДЕВАШТИЧ: СОЛИ 2022 КОМПЮТЕРКУНОНИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ 18% ИҶРО ГАРДИДААСТ
Дар ноҳияи Деваштич 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дорад, ки дар он 1419 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 22 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия 42 гурӯҳи Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 959 нафар кӯдак таъсис дода шудааст. Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳия 5%-ро ташкил медиҳад.
Зимни санҷиши гурӯҳи корӣ маълум гардид, ки дар муассисаҳои томактабии №2, 3, 8 талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вобаста ба синну сол ҷойгир намудани кӯдакон дар гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб риоя намегардад.
Дар ноҳия 68 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла, 3 гимназияи давлатӣ фаъолият менамояд ва дар онҳо 40436  нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст.
Соли таҳсили 2021-2022 синфи 11-ро 2389 нафар хонанда (1229 духтар) хатм намуд, ки аз онҳо 1249 нафар (670 духтар ) тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17 нафар (9 духтар) тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва 26 нафар (7 духтар ) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар дохил шуданд ва ин нишондиҳанда 52%-ро ташкил медиҳад.
Ҳарчанд, дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Деваштич 2580 нафар (1289 нафар зан) омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас машғул бошад ҳам, аммо дар муассисаҳои таълимии №№ 9, 12,  54  омӯзгорон аз  фанҳои забони англисӣ, математика, химия, биология ва физика намерасад. Тибқи роҳхат аз ҳисоби мутахассисони ҷавон дар соли таҳсили 2022-2023 91 нафар фиристода шудааст, ки то имрӯз танҳо 49 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуданд. Маълум гардид, ки яке аз сабабҳои ба ҷойи кор ҳозир нагардидани мутахассисони ҷавон, ин таъмин нагардидани онҳо бо имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон мебошад. Зеро дар 3 соли охир ягон мутахассиси ҷавон бо замини наздиҳавлигӣ таъмин нашуда, танҳо ду нафар соҳиби қарзи имтиёзнок гардидаанд.
Ҳарчанд дар ноҳия марказҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, таҳсилоти иловагӣ ва дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил шуда бошад ҳам, мутаассифона, марказҳо бинои алоҳидаи худро надоранд, ки ба самаранокии фаъолияти онҳо монеа гардидааст.
Дар 74 кабинети технологияи иттилоотии муассисаҳои таълимии ноҳия 1091 компютер, 122 тахтаи электронӣ ва 128 видеопроектор мавҷуд мебошад. Соли 2022 дар ноҳия аз 255 адад компютери ба нақшагирифташуда 46 адад харидорӣ шудааст, ки 18% нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №№24 11 адад, №47 8 адад, №26 5 адад, №13 4 адад, №№3,7,29,36,37 3 ададӣ, №№6,19,28,39 2 ададӣ ва №51 4 адад компютер корношоям мебошад.
Дастовардҳои хонандагони ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ асосан аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии №№1, 7, 10 ва 38 буда, соли 2021 дар сатҳи ҷумҳурӣ 26 нафар роҳхат гирифта, 9 нафар ба гирифтани ҷойҳои 2 ва 3 ноил гардидаанд. Аз ин ҷост, ки фаъолияти маъмурият ва омӯзгорони дигар муассисаҳои таълимӣ дар ин самт ғайриқаноатбахш арзёбӣ мегардад.
Яке аз омилҳои баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот таъминот бо китобҳои дарсӣ ба ҳисоб меравад. Аммо норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №10 1323 адад, №43 3328 адад, №38 1050 адад, №47 370 адад, №51 660 адад, №53 335 ададро ташкил медиҳад ва ин норасоӣ аз фанҳои забони русӣ, ботаника, география ва адабиёти тоҷик мебошад.
Ҳарчанд дар асоси натиҷаи ҷамъбасти чоряки якум аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия сифати таҳсилот 45,9% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 99,8% нишон дода шуда бошад ҳам, аммо санҷиши гурӯҳи корӣ муайян намуд, ки сифати таҳсилот 26,3% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 76,3%-ро ташкил медиҳад.
 
ШАҲРИСТОН: СИФАТИ ТАҲСИЛОТ 29,4% ВА АЗХУДКУНИИ БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМӢ 66,5%-РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД
Дар ноҳия 22 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 1070 нафар омӯзгор ба 10671 нафар хонанда таълиму тарбия медиҳанд. 
Бо мақсади муайян намудани сифати таҳсилот ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ миёни хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии №№1, 2, 3, 5, 6, 8, 9, 10, 13, 14, 16, 18, 19, 20, 21 ва гимназияи №1 аз фанҳои алгебра, физика, химия, забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ, география, таърих ва математика корҳои тестӣ (омехта) гирифта шуд. Санҷиш нишон дод, ки сифати таҳсилол 29,4% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 66,5%-ро ташкил медиҳад. 
Агар дар муассисаҳои таълимӣ риоя нагардидани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ зимни ҳуҷҷатгузорӣ яке аз мушкилоти мавҷуда бошад, ҷой доштани эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ мушкилоти дигари асосии муассисаҳои таълимии ноҳия ба ҳисоб меравад. Яъне, соли таҳсили 2022-2023 эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ ба миқдори 858 нусха ва барои синфҳои таълимашон бо забони ӯзбекӣ 1366 нусхаро ташкил медиҳад.
Агар бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 харидорӣ намудани 53 адад компютер ва 7 адад тахтаи электронӣ ба нақша гирифта шуда бошад, пас барои муассисаҳои таълимӣ 57 адад компютер ва 6 адад тахтаи электронй харидорӣ карда шудааст, ки мутаносибан 107% ва 85.7%-ро ташкил медиҳанд. Аммо рафти иҷрои Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгохдои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 дар соли 2022 дар маҷмуъ, 45%-ро ташкил медиҳад. 
Дар баробари иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, инчунин, бо мақсади ҳавасманд намудан ва пайдо кардани хонандагони болаёқату боистеъдод дар ноҳия озмуни “Хонандаи сол” баргузор гардида, барои 20 нафар стипендияи раиси ноҳия муқаррар карда шудааст.
 
ПАНҶАКЕНТ: ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕХОҲАД
Дар шаҳри Панҷакент 19 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 3489 кӯдак фаъолият менамояд, ки дар маҷмуъ, фарогирӣ 8,9% буда, ин нишондиҳанда аз сатҳи ҷумҳурӣ 6,5% ва аз сатҳи вилоят 11,3% паст аст.
Дар соли таҳсили 2023-2023 бо сабаби норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №№5, 8, 17, 27, 40, 63 ва 65 маркази инкишофи кӯдак фаъолияти худро қатъ намуданд.
Зимни санҷиш маълум гардид, ки муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Панҷакент ба 455 кати хоб, 189 миз ва 585 курсӣ барои кӯдакон, 58 ҷевон барои бозичаҳои кӯдакона эҳтиёҷот дошта, дар дохили биноҳои 7 муассиса ҳоҷатхона мавҷуд нест.
Бинобар сабаби норасоии муассисаҳои томактабӣ дар худуди шаҳр кӯдакон дар гурӯҳҳо аз меъёр зиёд буда, шумораашон  то 35-40 нафарро ташкил медиҳад. 
Дар баробари ин, зиёда аз 80 фоизи мураббияҳои кӯдакистонҳои шаҳр дорои ихтисоси таҳсилоти томактабӣ нестанд, ки ин ба самаранокии машғулиятҳо бетаъсир буда наметавонад.
Дар шаҳр 136 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 4894 нафар омӯзгор (2842 зан) ба таълиму тарбия машғуланд. 
Соли 2021 синфи 11-ро 3875 нафар (1906 духтар) хатм намуд, ки аз онҳо 1845 нафар тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 нафар (7 духтар) тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар ва 19 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар дохил шудаанд, ки 48,5%-ро ташкил медиҳад.
Зимни таҳлилҳо маълум мегардад, ки дар шаҳр аз ҷониби Филиали Донишкадаи ҷумҳурияиии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд курсҳои сайёр ташкил карда шуда, омӯзгорон фаро гирифта мешаванд, аммо бо сабаби ҷудо нагардидани маблағ барои сафархарҷӣ нақшаи ҷумҳуриявии аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон иҷро намегардад. Хусусан, аз соли 2019 то имрӯз зиёда аз 90% малағҳои сафархарҷии омӯзгорон пардохт нагардидааст. 
Дар соли 2022 дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ 34 нафар иштирок намуда, 1 нафар соҳиби ҷойи 1, 3 нафар соҳиби ҷойи 2 ва 14 нафар соҳиби ҷойи 3 гардидаанд. Ҳарчанд хонандагону омӯзгорони шаҳр дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаъолона иштирок намоянд ҳам, мутаассифона, соли ҷорӣ дар даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ягон нафар хонанда ё омӯзгор роҳхат ба даст наовардааст. 
Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои содҳои 2021-2025 соли 2021 20% ва дар соли 2022 41% иҷро гардидааст. Ҳамчунин, дар муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз ҳам компютерҳои насли куҳна ва корношоям мавҷуданд. 
Дар баробари ин, муассисаҳои таҳсилоти умумии №23 ва №15 дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, муассисаҳои таҳсилоти умумии №№64, 70, 106, 116 ва 117 ба таъмири асосӣ ниёз доранд.
Масъалаи дигаре, ки мавриди санҷиш қарор гирифт, ин таъмини муассисаҳо таълимӣ бо китобҳои дарсӣ мебошад. Аз маълумотҳои пешниҳодгардида бармеояд, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр ба 52650 нусха китоби дарсӣ эҳтиеҷ доранд. Ҳангоми санҷиш гурӯҳи корӣ маълум кард, ки вазъи бо китоби дарсӣ омадани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №№1, 25, 72, 86, гимназия беҳтар буда, вале дар синфи 11 муассисаи таҳсилоти умумии №2 ба ҳисоби миёна 89% хонандагон бе китоби дарсӣ ҳузур доштанд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 аз фанҳои технолотяи иттилоотӣ синфҳои 9, 10, 11, адабиёт синфи 9 ва таърихи умумӣ барои синфи 8 умуман китоби дарсӣ мавҷуд нест.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки барои бо омодагӣ ба дарс ҳозир шудани омӯзгорон таъсири мусбат мерасонад, ин ба дарси омӯзгорон даромадани маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва таҳлили дарси онҳо мебошад. Мутаассифона, на ҳамаи директорон ва муовинони директор ба дарсҳои омӯзгорон даромада, тибқи талабот дарсҳоро таҳлил менамоянд. 
Санҷиш дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №№2, 6, 53, 60, 64 ва гимназия маълум намуд, ки дар журналҳои синфӣ мавзуъҳои дарсӣ саривақт навишта нашуда, аз ҷониби омӯзгорон баҳо гузошта нашудааст. Ҳамчунин, дар муассисаҳои таълимии санҷидашуда сифати таҳсилот ба 26,8% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 61,8% баробар мебошад.
 
КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: ДАР РАВАНДИ ДАРС ОДДИТАРИН ВОСИТАҲОИ АЁНӢ ИСТИФОДА НАМЕШАВАНД
Санҷиши вазъи заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳилоти умумии ноҳия, аз лиҳози таъминот бо компютер, таъминоти ҷойи нишаст, таъминот бо мизу курсии омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №№13, 17, 6, 2, 3, 12, 23, 7, 27, 1, 32, 8, 14 то андозае таъмин гашта бошад ҳам, муассисаҳои таълимӣ ба беш аз 150 адад мизу курсии талабагӣ ниёз доранд. Масалан, дар муассисаи таҳсилоти умумии №2, №14 дар аксари синфҳо хонандагон сенафарӣ нишаста, дар муассисаи №17 хонандагони синфи 7 бинобар сабаби нарасидани синфхона дар хонаи истиқоматӣ таҳсил мекунанд. 
Масъалаи харидории кабинетҳои фаннӣ, таҷҳизоти таълимӣ (озмоишгоҳ, тахтаҳои электронӣ, проектор) дар маҷмуъ боиси нигаронист. Зеро тибқи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 муассисаҳои таълимии ноҳия бояд бо 3 адад озмоишгоҳ ва 88 адад кабинети фаннӣ таъмин карда мешуд. Санҷиш нишон дод, ки иҷрои барнома 13,6%-ро ташкил медиҳад ва сабаби иҷро нагардидани нақша дар солҳои 2021 ва 2022 ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад.
Ҳамзамон, бинои шуъбаи маорифи ноҳия ва муассисаҳои таҳсилоти умумии №20 ва №26 дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14  ба таъмири асосӣ ва навсозӣ ниёз дорад. 
Вазъи истифодабарии маводи аёнӣ ва техникӣ дар аксари муассисаҳои таҳсилоти умумии мавриди санҷиш қароргирифта қанотбахш нест. Ҳатто дар раванди дарс аз воситаҳои аёнии оддитарин истифода намебаранд.
Назорати дохилимактабӣ яке рукнҳои асосии бехдошти раванди таълим маҳсуб ёфта, масъалаи мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №№6, 17, 8, 5, 3, 25 ва мактаб-интернат қобили кабул нест. Санҷиш нишон дод, ки ҳатто дафтарҳои назорат ташкил нагардида, гӯшаи назоратӣ низ мавҷуд нест.
Санҷиши ҳолати рӯзномадорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нишон дод, ки онҳо аз ҷониби роҳбари синф ва падару модар сари вақт санҷида намешаванд, номи вазифаи хонагӣ кайд нашудааст ва баҳо бо журнали синфӣ мувофиқат намекунад.
Зимни санҷиш маълум гардид, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия 70 нафар омӯзгори ғайриихтисос, аз ҷумла 16 нафар бо ихтисоси ғайрипедагогӣ ва 54 нафар омӯзгори ғайриихтисоси фаннӣ фаъолият мекунад, ки сарбории умумии онҳо 214 соат мебошад. 
Дар давоми солҳои 2020-2022 аз 53 нафар мутахассиси ҷавоне, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм фиристода шуда буданд, 30 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуд, ки 56,6%-ро ташкил медиҳад. 
Ҳарчанд муассисаҳои таълимии ноҳия ба миқдори 7270 адад китоби дарсӣ таъмин шуда бошад ҳам, аммо дар маҷмуъ, таъминоти муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо китобҳои дарсӣ 79%-ро ташкил медиҳад.
Санҷиш нишон дод, ки дар давоми солҳои 2021-2022 12 адад кабинети фаннӣ ва 2 озмоишгоҳ харидорӣ шуда, иҷрои барнома 13,6%-ро ташкил медиҳад ва сабаби иҷро нагардидани нақша дар солҳои 2021 ва 2022 ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад.
Норасоии асбобҳои физикӣ ва моддаҳои химиявӣ барои таҷҳизонидани кабинетҳои физика, химия ва биология, ҷудо нагардидани маблағ барои аз курсҳои такмили ихтисос гӯзаштани омӯзгорон, нарасидани мизу курсӣ, набудани толорҳои варзишӣ, бо лавозимоти асосӣ таъмин нашудани кабинетҳои фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва нарасидани омӯзгорон аз фанҳои дақиқ аз ҷумлаи дигар камбудиҳое буд, ки зимни санҷиши муассисаҳои таълимии ноҳия ба мушоҳида расид.
 
ЗАФАРОБОД: НАТИҶАИ ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОН ВА ХОНАНДАГОН ДАР ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ НОКИФОЯ АСТ
Дар ноҳияи Зафаробод 5 муассисаи томактабии давлатӣ ва 1 кӯдакистон-мактаби ибтидоии хусусӣ бо фарогирии 844 кӯдак фаъолият менамояд. Дар назди 22 муассисаи таҳсилоти умумӣ 47 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 962 кӯдак таъсис дода шудааст. 
Инчунин, 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 17158 хонанда, аз ҷумла, 8381 духтар фаъолият менамояд, ки 1051 омӯзгор (683 зан) ба таълиму тарбия машғуланд. 
Зимни санҷиш маълум гардид, ки рафти иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 соли 2021 13,7% ва соли 2022 16,7% иҷро гардидаасту халос. 
Рафти иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 соли 2022 77,7%-ро ташкил медиҳад.
Натиҷаи иштироки омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” аз он далолат медиҳад, ки нишондиҳандаҳо қаноатбахш набуда, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 3 нафар (2 омӯзгор ва 1 хонанда) ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ягон нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ наёфтааст.
Ҳамчунин, ба таври зарурӣ риоя нагардидани Дастурамали либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби қисми зиёди омӯзгорон, бархурдор нагардидани мутахассисони ҷавон аз имтиёзҳо, аз ҷумла, ҷудо нагардидани замини наздиҳавлигӣ, саривақт пардохт нагардидани маблағи сафархарҷии курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон аз ҷумлаи дигар камбудию мушкилотест, ки зимни санҷиши гурӯҳи корӣ муайян гардид.  
 
АЙНӢ: ХАРИДОРИИ 34 КАБИНЕТИ ФАННӢ ДАР НАЗАР АСТ
Дар ноҳия 70 муассисаи таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла, 55 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 11 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 маркази рушди истеъдодҳо ва 1 маркази технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ фаъолият менамояд.
Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1672 нафар омӯзгор фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 647 нафар зан мебошад. 
Тибқи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои солҳои 2018–2022 харидории компютерҳо 87% иҷро гардидааст. 
Инчунин, зимни санҷиш маълум гардид, ки иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар муассисаҳои таълимӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дониши хонандагон ва ташакулли маҳорати касбии омӯзгорон тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст. 
Аз ҷониби шуъбаи маориф вобаста ба иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ чораҳои мушаххас андешида шуда, соли 2021 15 кабинети фаннӣ физика, биология, химия ва 15 озмоишгоҳи физика, химия ва биология харидорӣ гардидааст. Инчунин, харидории 34 кабинети фаннии дигар ба нақша гирифта шудааст. 
Дар баробари муваффақиятҳо баъзе камбудиҳое низ мавҷуданд, ки масъулин бояд ҷиҳати рафъи онҳо таваҷҷуҳи бештар намоянд. Аз ҷумла, зимни санҷиш маълум гардид, ки Оиномаи муассисаҳои таълимӣ якхела буда, ба таҳрири забонӣ ва таҷдид ниёз доранд. Инчунин, бадарсдароии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ (директорон ва муовинони директор) нокифоя буда, ҳамзамон, дар баъзе аз журналҳои синфӣ талаботи банди 9-и Дастурамали истифодаи журнали синфӣ риоя нагардидааст.
Кабинетҳои методӣ бо дастур ва адабиёти методӣ қисман таъмин буда, дар фаъолияти омӯзгорон оид ба бехдошти сифати таълим, навоварӣ ва эҷодкорӣ ташаббусҳои созанда дида намешавад. 
Фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилоти муассисаҳои таълимии санҷидашуда начандон хуб буда, сифати баргузории мониторинги сифати таҳсилот қаноатбахш нест. 
Ҳарчанд гӯшаҳои гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот насб шуда бошанд ҳам, дар онҳо маводи нав дида намешавад. Муқоисаи сатҳу сифати дониш ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар фаъолияти гурӯҳҳои мазкур кам ба назар мерасад.
 
АНҶОМ
Дар рафти муҳокимаю баррасии масъалаҳо вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои судманд доир ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, иштироки хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” ва “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ва озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, иҷрои ҳатмии нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ ва китобҳои дарсӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи барномаҳои давлатӣ дар самти муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои таълимӣ ва технологияи муосир, дастрасии ҳатмию саривақтии имтиёзҳои муқарраргардида ба омӯзгорони ҷавон, истифодаи мақсадноки биноҳои таълимию заминҳои наздимуассисавӣ, сари вақт аз курсҳои такмили ихтисосу бозомӯзӣ гузаштани омӯзгорон, ҷалби хонандагон ба марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳою марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дода, изҳори нигаронӣ кард, ки аз ҷониби раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят зимни пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ ба саҳлангорӣ роҳ дода шуда, вобаста ба як масъала ба вазорату идораҳо маълумотҳои гуногун пешниҳод карда мешавад.
Ҳамзамон, бо истифода аз иштироки муовини раиси вилоят ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо вазири маориф ва илм Р.Саидзода даъват ба амал овард, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, ки аз мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо вобаста аст, тадбирҳои саривақтию мушаххас роҳандозӣ карда шавад.
Муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ зикр кард, ки баргузории ҷаласаҳои мушовараҳои сайёр дар вилоят ва баррасии проблемаву мушкилоти ҷойдошта саривақтӣ буда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва рушди соҳаи маориф дар вилоят мусоидат менамояд.
- Боиси таассуф аст, ки воқеан ҳам эроди вазири маориф ва илм ҷиҳати аз ҷониби шуъбаҳои маорифи вилоят пешниҳод шудани ҳисоботҳои нодурусту гуногун ҷой дорад ва вобаста ба ин, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоятро зарур аст, ки масъулияти бештар эҳсос намоянд,-зикр кард муовини раиси вилоят З.Азимӣ.
Ҳамзамон, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода таъкид намуд, ки маҳз баргузории ҷаласаҳои сайёр ва баррасии масъалаҳо бо иштироки муовинони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо боис гардид, ки мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба соҳаи маориф бештар таваҷҷуҳ намуда истодаанд.
Дар охир ба сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Шаҳристон, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод ва Айнии вилояти Суғд дастур дода шуд, ки проблемаву мушкилот ва камбудиҳои зимни санҷиш аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ошкоргардида дар кутоҳтарин муҳлат бартараф карда шуда, аз натиҷааш ба Вазорати маориф ва илм маълумот манзур карда шавад.

Эҳсони ХУШБАХТ
Душанбе-Айнӣ-Душанбе