МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР СОЛИ 2019 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2020 ДОИР ГАРДИД

13-01-2020
11-уми январи соли 2020 дар «Шаҳраки донишҷӯён»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М. Сафолзода, сардорони раёсату шуъбаҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, директорони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин, роҳбарону намояндагони як қатор вазорату идораҳо баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм аз фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 натиҷагирӣ намуд.
Нуриддин Саид-вазири маориф ва илм зимни ҳисоботи ҷамъбастӣ зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор карданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр ва наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ раҳнамоӣ карда, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшем ва ба таълими фанҳои табиию риёзӣ ва дақиқ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Вобаста ба ин, пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ  мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд. Аз ин рӯ, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва муассисаҳои зертобеи он, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати таҳияи стандартҳои давлатии таълимӣ, нақша, барнома ва китобҳои дарсии фанҳои  мазкур ва дар амал татбиқ намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 фаъолияти худро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Вазорати маориф ва илм ба роҳ монда, корҳои назаррасеро ба анҷом расонид.
Ба дастгоҳи марказии вазорат дар соли 2019 дар маҷмӯъ 25748 мавод ворид гардид. Ҳамзамон, дар ин давра 20025 мавод аз вазорат содир шуда, 86 маротиба қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои муқарраршуда аз ҷониби роҳбарияти вазорат роҳандозӣ ва барои баррасии пурра ва ҷавоби саривақтии муроҷиати  хаттии 3743 нафар шаҳрванд ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар идомаи маърӯзаи ҳисоботӣ вазир фаъолияти соҳа, аз ҷумла самтҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, илм ва инноватсия, муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм, таъминоти кадрию ба ҷойи кор ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон, таъминоти муассисаҳо бо китобҳои дарсию бадеӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, сохтмону муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳоро мариди таҳлилу баррасӣ қарор дод. 
Сипас, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М. Сафолзода баромад намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президент, стратегияю барномаҳои давлатӣ таклифу пешниҳодҳо манзур намуд.
Дар музокираи ҷаласа сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон О. Мардов, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Д.Исозода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд О. Каримзода сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе М. Азизӣ баромад намуданд.
Ҷаласаро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ҷамъбаст намуда, зикр кард, ки новобаста аз корҳои ба сомонрасонида ҳоло ҳам камбудию мушкилот дар соҳаи маориф ва илм ба назар мерасад ва Вазорати маориф ва илм боварӣ дорад, ки ин камбудиҳо тадриҷан ҳал гардида, ислоҳоти соҳа минбаъд низ дар ҳамаи самтҳо идома хоҳад ёфт.


Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО