Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!

20-03-2023
Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Устодон ва шогирдони арҷманд!
Муҳтарам аҳли маориф!
Диёри маҳбубу босафои мо – Тоҷикистони соҳибистиқлолу ваҳдатошёнро боз фасли зебову гуворои сол - баҳори нозанин ба оғӯши гарму нарми хеш кашиду фархундаҷашни Наврӯзи оламафрӯз фаро расид. Акнун кишвари сулҳпарвару хуршедии мо боз ҳам пуршукӯҳтару дилработар гаштаасту аз ҳама ҷо садои хушу дилнавоз, оҳанги нишоту шодмонӣ ба гӯш мерасад. Воқеан, «олами пир дигарбора ҷавон гардидааст»-у «боди сабо атрфишонӣ мекунад». Ҳама хурраму болидарӯҳу шукуфтахотиранд ва пайваста шукр мегӯянд: «Ба баҳори нав расидам, зи баҳор шукр гӯям!». Файзу баракат ва шукӯҳи баҳор аз фаро расидани ҷашни Наврӯз боз ҳам меафзояд. Наврӯз мақбултарину бостонитарин ҷашни тоҷикон аст, ҷашнест, ки ҳазорсолаҳо боз таҷлил мешаваду оламиёнро суруру нишот мебахшад. Солиёни зиёдест, ки донишмандону абармардони миллат ситоиши Наврӯз мекунанд, ба он арҷ мегузоранд. Дар ашъори дилпазиру беназири устод Рӯдакӣ, дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, дар сурудаҳои дилошӯбу ҷовидонии Хайёму Саъдию Низомӣ, Ҳофизу Ҷомию Бедил… ва дар осори адибони имрӯзии тоҷик Наврӯзи хуҷастапай дар сатҳи баланд ва хеле самимона мадҳу тавсиф ёфтааст. Ҳама қадами мубораки Наврӯзро ба ҷон пазируфта, садои хушҳолию фараҳмандӣ баланд кардаанд:
Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки эҳтирому таваҷҷуҳи хосаву ҳамешагӣ ба фарҳангу тамаддун, ба арзишҳои маънавии халқи азизи худ доранд, дар иртибот ба аслу моҳият ва хилқати Наврӯз гуфтаанд: «Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигаҳдорандаи мардум, забон, расму оин, фарҳангу таърих ва ниҳоят, Ватан будааст».
Ҳар сол Пешвои муҳтарами миллат ба муносибати ҷашни Наврӯзи ҷаҳоноро аҳли кишварро бо камоли эътиқоду эҳтиром табрик мегӯянд ва изҳори таманниёти нек мекунанд. Сарвари кишвар батакрор таъкид менамоянд, ки Наврӯз ҷашни бостонист, асолати ориёӣ дорад ва бо таърихи миллат, орзуву ормонҳои мардумӣ ва маънавияти воло пайванди ҷовидонӣ пайдо кардааст. Ин ҳумоюнҷашн ҳамчун рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, рамзи эҳёи табиату тантанаи зебоӣ, рамзи фаровонию хайру баракат, рамзи бартарии дӯстию ваҳдату рафоқат, рамзи накукорию хайрхоҳӣ эътироф гардидааст. Наврӯз ҳамагонро ба иттиҳод меоварад, кинаҳоро аз дилҳо мерабояд ва рӯзгорони босафову дилрабо эҳдо мекунад.
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон марҳалаи наву фараҳбореро дар таърихи Наврӯз ифтитоҳ бахшид ва ба таҷлили бештар пуршукӯҳу оммавии он мусоидат кард. Гузашта аз ин, Наврӯз ба як рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ табдил ёфту шиносномаи миллат гашт. Дар ин давра ҳодисаи мондагору пурфурӯғе дар ҳошияи ин ҷашни фархунда ба вуқуъ пайваст: бо қарори махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯз ба феҳристи арзишмандтарин мероси фарҳангии башарият ворид карда шуд ва 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Мо, тоҷикон, ифтихор аз он дорем, ки барои чунин мақому эътибор ва эътирофи баланд дарёфтани Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи устувор ва талошҳои пайгиронаи худ ҳиссаи сазовор гузоштанд. Соҳиби мақоми олӣ гардидани Наврӯзро Сарвари кишвар чунин шарҳ додаанд: «Аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замонҳои қадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст».
Акнун солҳост, ки Наврӯзи оламафрӯзи мо дар паҳнои ҷаҳон барои тақвияти ҳусни тафоҳуми байни миллатҳову давлатҳо, таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди робитаҳои фарҳангӣ ва пешрафти тамаддуни башарӣ хидмати барҷаставу файзбор мекунад.
Ҷашни Наврӯзро аҳли маорифи мамлакат ҳамасола дар сатҳи баланд ва бо барномаҳои рангину дилнишин таҷлил менамоянд. Дар тамоми муассисаҳои томактабӣ, таълимгоҳҳои таҳсилоти умумӣ, дар мактабҳои миёнаи махсусу олӣ ва тамоми идораву муассисаҳои соҳаи маориф тантанаҳои наврӯзӣ шукӯҳу шаҳомати дилпазир доранд.
Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз Наврӯзи пешин то ба Наврӯзи навин фаъолияташро вусъат бахшида, дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор ба пеш мегузорад. Ҳар сол дар арафаи фарорасии Наврӯз дар саросари кишвар биноҳои нави таълимгоҳҳо ба истифода дода мешаванд, таҷҳизоти муассисаҳои таълимӣ мукаммалтар мегардад, ободонии мактабҳо вусъат меёбад ва ин ҳама дар маҷмӯъ ба боз ҳам боло рафтани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат мекунанд.
Ҳамчунин, ба ифтихори ҷашни Наврӯз аҳли маориф ҳашарҳои ҳамагонӣ ороста, дар тозаву пероста кардани ҳудуди таълимгоҳҳо ва дар кабудизоркунию ниҳолшинонӣ ҳиссагузорӣ мекунанд.
Яке аз анъанаҳои дерину хушоянд вобаста ба ҷашни Наврӯз ибрози таманниёти нек аст. Ҳамбаста ба ин, таманно дорем, ки зиндагии мо ҳамеша пурнишоту самарбор бошад, кулли мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла, дар соҳаи маориф тадриҷан бартараф шаванд, рӯҳияи ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва бунёдкорию созандагии аҳли мамлакат боз ҳам боло равад, рўзгоронамонро ҳамеша хайру баракат, шодию фараҳ ва дўстию ҳамдилӣ фарогир бошад, ҳама пиндору гуфтору рафтори нек дошта бошанд.
Наврӯзи хуҷастапай ва ҷаҳоноро муборак бод!