Нақшаи амал оид ба маориф

03-05-2018
3 майи соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм оид ба таҳияи Нақшаи навбатии (панҷум) миёнамуҳлати амал оид ба маориф (СПДО) барои солҳои 2018-2020 доир гардид. Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев оғоз ёфт. Мавсуф оид ба самтҳои асосии рушди соҳаи маориф дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳҳои ноил гардидан ба онҳо изҳори назар кард. Намояндаи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҷон Мунтазимӣ дар бораи ҳадафҳои Нақшаи миёнамуҳлати амал оид ба маориф, баррасӣ ва мутобиқгардонии фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ҳарф зад. Дар бораи раванди таҳияи якҷояи Нақшаи амал ва ҳисоботи умумии соҳаи маориф модератори нақша муовини вазири маориф ва илм Ф. Усмонзода маълумот дод. Мушовирони минтақавӣ аз рафти натиҷаҳои асосии Нақшаи миёнамуҳлати амал оид ба маориф дар солҳои 2015-2017, таҳияи нақшаи минбаъда барои солҳои 2018-2020 маълумот доданд. Пешниҳод шуд, ки Нақшаи амал барои солҳои 2018-2020 бо роҳи муайян кардани самтҳои калидӣ: консепсияи идора дар асоси натиҷа, сатҳи натиҷаҳо, индикатор ва нишондиҳандаҳо ба кор гирифта шаванд. Сипас, масоили мазкур ба таври алоҳида дар 5 гурӯҳи корӣ оид ба таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, молия ва идора мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҳамин тавр, ширкаткунандагон ҷиҳатҳои афзалиятноки Нақшаи миёнамуҳлати амал оид ба маориф барои солҳои 2018-2020, шакли фаъолият ва раванди корро барои ҳар як гурӯҳ муайян карданд.
Маркази матбуоти Вазорати маориф
 ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон