Нашъамандӣ фаноовар аст

01-06-2018
Ҳар сол ҳазорон одамон аз бемориҳое, ки дар натиҷаи истифодаи тамоку, шароб ва нашъа ба вуҷуд меоянд,азобу ранҷ кашида, қисме аз ҳаёт маҳрум мешаванд. Бештари онҳо зарари ин маводро хуб медонанд,  вале аз истифодаашон даст намекашанд.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ба ин офат бештар ҷавонон гирифтор мешаванд. Онҳое, ки зарари онро фаҳмидаанд ва иродаи қавӣ доранд, ба ҳар роҳ аз истеъмоли он даст мекашанд ва роҳи зиндагии солиму дурустро интихоб менамоянд. Нашъаманд ва нашъаҷаллоб яке бемору ранҷур  асту дигаре сабабгори ин беморӣ ва ба хотири молу сарват ҷавононро ба гирдоби бало андохтааст.
Нафсу шайтон мебаранд аз раҳ туро,
То биандозанд андар чаҳ туро.
Нашъа чун моддаи мадҳушкунанда, бадтаъсир инсонро ба касодӣ  ва дардмандӣ мерасонад. Нашъаманд касест, ки аз обрӯю шарафи худу наздиконаш рӯй тофтааст. Аъмоли бади ӯ ҷомеаро доғдор мекунад. Нашъамандӣ бемориест, ки  ба тамоми узвҳои инсон, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро маҷрӯҳ мегардонад. Дуруст гуфтаанд, ки «Нашъамандӣ вабои аср аст». Алҳазар аз ин кирдори зишту пурзиён!
 
Шаҳриниссо РАСУЛОВА 
омӯзгори забони хориҷии  мактаби №11-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ