НАҚШИ WEB – ЖУРНАЛИСТИКА ДАР ЗАМОНИ МУОСИР: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

05-03-2020
Бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва 108–солагии матбуоти тоҷик 4-уми марти соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши WEB – журналистика дар замони муосир: мушкилот ва дурнамо” баргузор гардид, ки дар он ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода М. Низомӣ, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Баъд аз сухани ифтитоҳии ректори донишкада дар қисмати пленарӣ З.Муъминҷонов-декани факултети режиссёр, кино ва телевизиони ДДФСТ ба номи М.Турсунзода дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, А. Нуралиев-профессори кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода дар мавзӯи “Тайёр намудани кадрҳои воситаҳои ахбори оммаи электронӣ: телевизион ва радиошунавонӣ”, М. Муродов-профессори кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Мушкилоти таҳсилоти журналистӣ дар шароити рушди Интернет”, Р. Бобоҷонова-профессори кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода дар мавзӯи “Шабакаҳои иҷтимоӣ ва масъалаҳои гендерӣ”, Ш.Муллоев-мудири кафедраи матбуоти чопӣ ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дар мавзӯи “Фактчекинг журналистских материалов военной тематики на страницах русскоязычных СМИ Таджикистана” баромад карданд. 
Сипас, конфронс кори худро дар ду бахш зери унвонҳои “Нақши технологияи муосири иттилоотӣ дар инъикоси масъалаҳои ҳаёти фарҳангӣ” ва “Фарҳанги касбии истифодаи жанрҳои журналистика дар воситаҳои ахбори оммаи электронӣ” идома дод, ки иштирокдорон суханронӣ ва мубодилаи афкор намуданд. 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм