НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ЯКСОЛАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ГАНҶ”

13-01-2021
Дар ташкилоти ибтидоии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муҳаммаддовуд Саломиён-муовини якуми вазири маориф ва илм, Гулнора Бобоева-мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Иброҳим Мирзозода -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Зулфиқор Гулаҳмадзода -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Латофат Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъба ва кормандони вазорат маҷлиси солонаи ҳизбӣ баргузор гардид.
Нахуст ҳисобот доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Ганҷ” дар соли 2020 шунида шуд. Л.Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм зимни ироаи ҳисобот зикр кард, ки дар ташкилоти ибтидоии “Ганҷ” 43 нафар аъзои ҳизб буда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои барномавӣ ва оинномавии ҳизб фаъолона кӯшиш менамоянд. Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ дар кишвар як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуд. Аз ҷумла, дар соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 154 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 29652 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, дар охири соли 2020 дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» саҳми аъзоёни ҳизб ва ташкилоти ибтидоии «Ганҷ» назаррас буд. 
Сипас, Гулнора Бобоева-мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ зимни баромади худ афзуд, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону бонувон дар идоракунии давлат бештар мегардад. Саҳми занону бонувон дар ҷомеаи имрӯза назаррас буда, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Теъдоди занон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзуда, дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст. 
Дар рафти ҷаласаи ҳисоботӣ, ҳамчунин, ба як қатор аъзоёни ба тозагӣ ба сафи ҳизб қабулшуда дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, як қатор кормандони вазорат, ки фаъолияти хуб нишон доданд, бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.
М.УБАЙДУЛЛОЕВА