НАТИҶАГИРӢ: ФАЪОЛИЯТИ НАЗАРРАСИ «ОМӮЗГОР»

05-07-2024
5 июли соли равон оид ба ҷамъбасти фаъолияти нашрияи «Омӯзгор» дар шаш моҳи аввали соли 2024 ҷаласа баргузор гардид. Дар он сармуҳаррири нашрия Эҳсон Сафарзода, сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Хуршед Мавлонов ва кормандони ҳафтанома иштирок карданд.
Дар оғоз Э. Сафарзода доир ба фаъолияти нашрияи «Омӯзгор» ва замимаи он «Пайрав» маърӯза намуд. Мавсуф таъкид кард, ки аҳли эҷоди ҳафтанома ба масоили таълиму тарбия ва мушкилоти соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, дар саҳифаҳои нашрия зери рубрикаву саҳифаҳои махсус, чун «Паёми ҳафта», «Таълим», «Мушкилот», «Маориф ва замон», «Мавзуи рӯз», «Методика», «Омӯзиш», «Илмҳои дақиқ», «Забономӯзӣ» «Таҳсилоти касбӣ», «Мактаби олӣ», «Хештаншиносӣ», “Ташаббусҳои ҷаҳонӣ”, «Маърифат», «Маънавият», «Маорифи ҷаҳон» ва ғайра хабару гузориш ва маводу матолиби таҳлиливу хонданӣ чоп гардиданд.
Бояд қайд кард, ки дар шаш моҳи соли равон ба идораи нашрияи «Омӯзгор» беш аз 850 навишта ворид гардид, ки ба тартиби муайян ва аз рӯйи мазмуну муҳтаво ва фарогирии мавзуъ ба навбат чоп мегарданд.
Тарбияи ватандӯстӣ самти асосии фаъолияти ҳафтанома ба ҳисоб меравад ва дар замони муосир тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, илмомӯзӣ, дурӣ ҷустан аз ҷараёнҳои хатарноки тундгарои динӣ аз авлавиятҳо дониста мешавад. Ин мавзуъ дар меҳвари фаъолияти аҳли қалами нашрия қарор дорад ва дар ҳар шумора маводу матолиби судманд ба табъ расонда мешавад.
Иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар пешрафти чашмгири соҳаи маориф нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми кишвар ҳамвора талош менамояд, ки стратегияву барномаҳои давлатӣ дар сатҳи баланд иҷро шавад, ки дар ин росто, ҳафтаномаи “Омӯзгор” бо чопи мақолаву матолиби пурмуҳтаво саҳми босазо мегузорад. Дар нигоштаҳои ба табъ расида, иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ ҳамҷониба мавриди таҳлил қарор гирифта, роҳҳои самараноки ҳалли онҳо муайян карда мешавад. Дар баробари ин, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим бо чопи мақолаҳо тадбирҳои судманд андешида мешавад. Дар саҳифаҳои нашрия вобаста ба ислоҳоти соҳа ҷиҳати гузаштан ба низоми баҳогузории 10-хола ва ҷараёни баргузори семинарҳо инъикос ёфта, дар ин самт маводу матолиби арзишманд ба нашр мерасад. Маводу матолиби мазкур ба он равона гардидааст, ки аз як тараф, устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аз нозукиҳои ин низом огоҳ гардиданд, аз ҷониби дигар, мафҳуму метод, масъалаҳои мубрам ва навгониҳои он шарҳу тавзеҳ бахшида шавад.
Яке аз роҳҳои вусъатманд намудани фаъолияти нашрия ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ташкил ва ба роҳ мондани озмунҳои гуногун маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, соли равон нашрия барои беҳтарин маводи публитсистию адабӣ аз рӯйи жанрҳои мақола, очерк, лавҳа, ҳикоя ва эссе озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори ман – ифтихори ман»-ро эълон намуд. Ҳадаф аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори ман – ифтихори ман» татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф ва илм ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва инъикоси фаъолияти густардаву фидокоронаи онҳо мебошад.
Инчунин, нигоштаҳо инъикосгари таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат ба аҳли маориф маҳсуб ёфта, чеҳраи воқеии омӯзгор ва корномаи ӯро ба таври муассир бозгӯӣ ва мавқею мартабаи шоистаи омӯзгорро дар ҷомеаи мо тасвир менамоянд, навгонию эҷодкорӣ, хислатҳои ҳамидаи аҳли таълиму тарбия ва нақши онҳоро дар ҷомеа тавсиф ва аз таҷрибаи судманди омӯзгорон ҳикоят менамоянд.
Шоистаи таъкид аст, ки ба озмуни мазкур аллакай беш аз 50 мавод ба идораи нашрия ворид гардид, ки муаллифони онҳо соҳиби касбу кори гуногун мебошад. Маълум мегардад, ки озмуни мазкур дар баланд гардидани мақом ва офаридани симои омӯзгори шоиста такони ҷиддӣ мебахшад.
Бояд гуфт, ки фаъолияти нашрия дар суханронии сармуҳаририр ба таври фарогир таҳлил гардид.
Дар музокира муҳаррирони нашрия Ҳ. Ҳомид, С. Набизода, Ш. Малахов суханронӣ намуда, фаъолияти ҳафтаномаро дар шаш моҳи аввали соли равон қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Х. Мавлонов аз фаъолияти фарогиру доманадори ҳафтаномаи «Омӯзгор» ёдовар шуда, нақши нашрияро дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонон, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, инъикоси ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, раванди иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ, роҳҳои самарабахши таълиму тарбия, бозтоби дастовардҳои соҳаи маориф дар замони истиқлол ва ғайра муҳим арзёбӣ кард.
Дар охир Э. Сафарзода зикр намуд, ки аҳли қалами нашрия минбаъд низ фаъолияти хешро густариш бахшида, дар инъикоси дастовардҳои соҳаи маориф, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа, забонҳои хориҷӣ ҳамаҷониба талош менамоянд.