НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ЛОИҲАИ USAID «ҲАМРОҲ БИХОНЕМ» БАРРАСӢ ГАРДИД

03-02-2020
31-уми январи соли 2020 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботии Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» доир гардид, ки дар он М. Имомзода – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, М.Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм, Л. Назирӣ – муовини вазири маориф ва илм, П. Ричардсон - директори минтақавии USAID, Т.Ҷайлз - роҳбари Лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” дар Тоҷикистон ва дигар намояндагон аз Вазорати маориф ва илм, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» иштирок намуданд.
Дар оғоз роҳбарияти вазорат доир ба ҳадафи лоиҳа ва рафти татбиқи он дар соҳаи маориф сухан ронда, зикр намуданд, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи мазкур як қатор корҳоро анҷом додааст. Сипас, Пол Ричардсон-барои истиқбол ва пазироии самимона миннатдории худро баён намуда, изҳор дошт, ки ташкилоти байналхалқии USAID дар Тоҷикистон омодааст, ки барои идомаи ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф ва илм тамоми чораҳоро андешад. 
Дар идома Терри Ҷайлз - роҳбари Лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” дар Тоҷикистон доир ба фаъолияти лоиҳа маълумот дода, инчунин оид ба нақшаҳои амалишаванда дар доираи лоиҳаи мазкур ибрози назар намуд. Аз ҷумла, зикр кард, ки дар самти омода намудани китобҳои бадеии бачагона, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия гардида буд, корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд. Вобаста ба ин, бо муалифон, рассомон ва ороишгарон семинарҳои омӯзиширо баргузор намуда, ба онҳо ҷиҳати таҳияи китобҳои ба синну соли хонандагон мувофиқ дастуру тавсияҳо дода шуд. Ҳамзамон, дар семоҳаи охири соли 2019 ва аввали 2020 аз ҷониби лоиҳа 93 номгӯй китоб чоп ва харидорӣ гардидааст, ки аз ин 72 номгӯй бо забони тоҷикӣ ва 21 номгӯй бо забони русӣ мебошад. 
- Ҳамзамон, зиёда аз 14130 нафар омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, директорон, китобдорон, мушовирони шуъбаҳои маориф ва кормандони сохтори такмили ихтисос ба курси омӯзишӣ фаро гирифта шуданд,-зикр кард Т. Ҷайлз зимни ҳисобот.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илм