НАТИҶАИ САНҶИШИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҲИСОР ВА ШАҲРИНАВ БАРРАСӢ ГАРДИД

10-10-2022
10-уми октябри соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади баррасии натиҷаи санҷиши муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор ва Шаҳринав таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он сардорону кормандони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону кормандони муассисаҳои тобеъ, сардорони сарраёсат, раёсату мудирони  шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, директорони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.10.2022, №1457 гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм 8 октябри соли ҷорӣ аз муассисаҳои таҳсилоти умумии №№ 2, 8, 11, 18, 21, 34, 45 ноҳияи Шаҳринав ва №№ 5, 17, 41, 52, 59 шаҳри Ҳисор дидан намуд.
Дар рафти санҷиш масъалаҳои риояи интизоми меҳнат дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омодагии омӯзгорону хонандагон ба дарс, аз ҷониби хонандагон бо худ овардани китобҳои дарсӣ, дастрасии Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, давомоти хонандагон, вазъи пур намудани журналҳои синфӣ, тозагии синфхона ва гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ, норасоии омӯзгорон, шумораи хонандагон дар синфҳо ва муассисаҳои таълимӣ, вазъи кабинетҳои технологияи иттилоотӣ (бо нишон додани теъдоди комютерҳо, проектор, тахтаи электронӣ ва коршоямии онҳо), ҷорӣ намудани таълими равиявӣ дар синфҳои 7-11 ва ғайраҳо мавриди таҳлил ва назорат қарор дода шуд.
Дар ҷаласа зимни баррасии натиҷаи санҷиши гурӯҳи корӣ ба мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Ҳисор ва Шаҳринав дастур дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда чораҳои дахлдор андешида, аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ба Вазорати маориф ва илм маълумоти мушаххас пешниҳод намоянд.