Навбат ба донишҷӯёни коллеҷҳо

18-05-2018
18 майи соли равон дар бинои таълимии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи М. Осимӣ воқеъ дар маҳаллаи Ҷавонони пойтахт олимпиадаи фаннӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ шуд, ки дар он намояндагони 65 коллеҷ (аз 66 адад) ва 12 коллеҷи хусусӣ аз тамоми мамлакат ширкат варзиданд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Нуриддин Саид дар маросими ифтитоҳи озмун аз иштироки фаъолонаи донишҷӯёни ин зинаи таҳсилот изҳори хушнудӣ карда, афзуд, ки иштироки донишҷӯёну хонандагони ҷумҳурӣ дар олимпиадаҳои гуногун, ки намуди он имрӯз ба ҳашт адад расидааст, торафт назаррас мегардад. Ахиран қарор шудааст, 20 нафар хонандаи беҳтарин барои иштирок ба олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни табиатшиносӣ ба Ҳиндустон фиристода шавад. Вазири маориф таъкид кард, ки хуб мебуд олимпиадаҳо дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ низ чун дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мунтазам, гуногунмавзуъ ва босамар гузаронда шаванд. Бартарии озмуни имсола аз он иборат аст, ки он нисбатан шаффоф, бо риояи талаботи зарурӣ гузаронда шуда, ба тарзи тестӣ (саволномаҳоро Маркази миллии тестӣ омода кардааст), иншо, диктант, нақли хаттӣ гирифта мешавад. Нуриддин Саид ба довталабон комёбиҳо орзу намуда, афзуд, ки аз рӯйи натиҷаи ба даст овардаи онҳо ба фаъолияти ҳар як коллеҷ баҳои дуруст додан мумкин аст. Сипас, дар ҳузури довталабон қуттии муҳофизатшаванда (кейс) кушода, тибқи саволҳои он аз рӯйи ҳафт фан: математика, химия, биология, забони русӣ, тоҷикӣ, англисӣ, таърих санҷиш шурӯъ шуд, ки ду рӯз идома мекунад. 
 
        
                                                                                                                                                          Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон