НАВРАСОНИ БОЛАЁҚАТ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

10-06-2019
Рӯзҳои 8-9-уми июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор се олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ – Олимпиадаи фаннӣ барои наврасон, Оилимпиада оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва Олимпиадаи “Spelling Bee” баргузор гашт.
Дар маросими кушодашавии олимпиадаҳо муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Л. Назирӣ, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Т. Маҳмадова, хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Т. Маҳмадова олимпиадаро ифтитоҳ бахшида, ҳозирин ва хонандагонро ба даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннӣ барои наврасон, Оилимпиада оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва Олимпиадаи “Spelling Bee” хуш омадед ва ба ҳар як иштирокчии олимпиадаҳо бурдбориҳоро таманно намуд. 
Л. Назирӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки мақсад аз баргузории олимпиадаҳо дарёфт ва рушди хонандагоне мебошад, ки инкишофи зеҳнии онҳо ба самти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ нигаронида шудааст. Инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирӣ ва рушди хонандагони боистеъдод, бедор намудани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзишӣ амиқи фанҳои таълимӣ, ташаккули тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, бедор намудани завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои ғайриодӣ мебошад. 
Дар даври  ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ барои наврасон хонандагони синфҳои 5-8 аз рӯи 12 фанни таълимӣ: забон ва адабиёти тоҷик (барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони тоҷикӣ), забони русӣ (барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони ғайрирусӣ), забон ва адабиёти рус (барои хонандагони таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русӣ), забони англисӣ, таърих (таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ), асосҳои давлат ва ҳуқуқ (ҳуқуқи инсон), биология (экология), химия, география, математика (алгебра, геометрия), физика (астрономия), технология иттилоотӣ 650 нафар хонанда иштирок намуданд. 
Натиҷаи олимпиада нишон дод, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри  Душанбе сазоворӣ 22 медали тилло, 29 медали нуқра, 41 медали биринҷӣ, вилояти Суғд 9 медали тилло, 21 медали нуқра, 52 медали биринҷӣ, вилояти Хатлон 6 медали тилло, 15 медали нуқра, 34 медали бириҷӣ, шаҳру наҳияҳои тебеи ҷумҳурӣ  2 медали тилло, 2 медали нуқра, 13 медали бириҷӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 медали тилло, 2 медали нуқра, 7 медали бириҷӣ гардиданд.
Дар даври  ҷумҳуриявии олимпиадаи «Spelling Bee» хонандагони  синфҳои 5-7-ум  аз фанни забони англисӣ савияи забондонии худро санҷиданд. Мақсади баргузор намудани олимпиада баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши забони англисӣ дар самти татбиқи  “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” равона шудааст.
Дар олимпиадаи мазкур 60 нафар хонанда аз литсейҳо ва мактабҳои Президентӣ барои хонандагони болаёқат ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар иштирок намуданд. Дар ин сабқат миёни хонандагони литсейҳо ва мактабҳои Президентӣ барои хонандагони болаёқат Набиев Муинҷон-хонандаи синфи 6-и мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон сазовори ҷойи якум ва ғолиби мутлақи олимпиадаи «Spelling Вee» гардид. Инчунин, Қаюмов Асадбек-хонандаи синфи 7-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Ҷ. Расулов миёни хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сазовори ҷойи аввал гашт.
Дар даври  ҷумҳуриявии олимпиадаи шоҳмот миёни наврасон тибқи талаботи Низомнома хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (то 16-сола) иштирок намуданд. Дар олимпидаи мазкур 6-даста: дастаҳои  Душанбе-1, Душанбе-2, ВМКБ-1, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд-1, Суғд-2, ШНТҶ-1, ШНТҶ-2 иштирок намуданд. Аз натиҷаи озмун муайян гардид, ки хонандагони дастаи Суғд-1 сазовори ҷойи аввал, хонандагони дастаи ВМКБ-1 сазовори ҷойи дуюм ва хонандагони дастаи Душанбе-2 сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Хамзамон, Шаҳриёри Абдузариф аз дастаи шаҳри Душанбе ғолиби мутлақи даври ҷумҳуриявии олимпидаи шоҳмот миёни  наврасон дониста шуд.
 Олимпиадаҳо ду рӯз идома ёфта, барои иштирок ва истироҳати хонандагон аз ҷониби Кумитаи тадорукоти олимпиада тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуданд. Дар ҷамъбасти ҳар рӯз иштирокчиён аз мавзеъҳои  таърихии шаҳри Ҳисор дидан намуда, инчунин, дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки шоирону нависандагон ва ҳунармандон ташкил  карда шуд.
Дар маросими ҷамъбасти олимпидаҳо ба тамоми ғолибон медалҳо, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО