НАВРАСОНИ ТОҶИК ДАР АЛМААТО: ШИРКАТ ДАР ОЛИМПИАДАИ БОНУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “IZHO-2024”

10-01-2024
Рӯзи дуюм аст, ки наврасони боистеъдоди тоҷик ҷиҳати иштирок дар 20-умин олимпиадаи байналмилалии Жаутиков "IZHO - 2024" дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон қарор доранд.
 Олимпиадаи мазкур байни 15  давлати дунё доир гардида, дар он 85 даста, ки иборат аз 600 нафар мебошад, ширкат меварзанд.
Довталабон аз рӯи се фан: физика, математика ва технологияи иттилоотӣ имтиҳон месупоранд.
Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ 6 даста дар ҳайати 40 нафар муаррифӣ менамоянд.

Маркази ҷумҳуриявии дарёфт
ва рушди истеъдодҳо