НАВРӮЗ ПАЙКИ ЭҲЁИ ТАБИАТ АСТ

19-03-2022
 Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳим Саидзода ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз
 Дӯстони арҷманд!
 Устодон ва донишҷӯёну хонандагони азиз!
 Муҳтарам аҳли маориф!
 Ба диёри ваҳдатошёну сулҳпарвар ва соҳибистиқлоли мо боз бо «домони лабрези гул»-у «бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб» зеботарин ва гуворотарин фасли сол баҳори муаттару саховатоин фаро расид. Аз файзи қадами мубораки он «олами пир дигарбора ҷавон» гардидаву «нафаси боди сабо атрфишон» шудааст. Акнун Ватани маҳбубу дилрабои мо боз дар оғӯши зебоӣ, дар муҳити пурназокату муаттар қарор дорад.
 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маорифпарвару фарҳангдӯсти ҷумҳурии азизамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоишу тавсифи ин ҷашни хуҷастаи миллати фархундаамон, аз ҷумла, чунин гуфтаанд: «Наврӯз яке аз қадимтарин ва азизтарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, бо мурури замон ба иди дар ҳақиқат халқӣ мубаддал шудааст. Халқи мо беҳтарин орзуву умеди худро, қабл аз ҳама, бо Наврӯз, яъне Соли нави аҷдодии хеш пайванд медиҳад. Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат мебошад ва гардише дар рӯҳу ҷони одамон падид меоварад». 
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки бузургтарин омили саодатмандии миллат аст, ба таҷлили бавусъату пуршукӯҳи Наврӯзи хуҷастапай имконоти созгору мусоид фароҳам овард ва гузашта аз ин, Наврӯз ба як рукни барҷастаи истиқлолияти ҷумҳурӣ табдил ёфт. Ҳамвора густариш ва шуҳрату вусъат ёфтани Наврӯз худ барҷастатарин гувоҳи безаволию бузургии ин ҷашни аҷдодист. Соли 2008 дар арафаи фарорасии фасли баҳор, пайки хушоянду гуворое тамоми мардумони ориёинажодро ифтихормандии бештаре эҳдо намуд. Бо қарори бонуфузтарин ташкилоти ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид, ҷашни Наврӯз ба феҳристи арзишмандтарин мероси фарҳангии башарият ворид карда шуд ва 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Боз ҳам боиси ифтихормандии мо, тоҷикон, аст, ки барои чунин мақоми баланду ифтихорӣ пайдо кардани Наврӯз Сарвари кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути кӯшишу талошҳои меҳанпарваронаю башардӯстонаи худ ҳиссаи сазовор гузоштанд. 
Ба ифтихори ҷашни шукӯҳманди Наврӯз яке аз анъанаҳои дерин ва пазиро ибрози таманниёти нек аст. Вобаста ба ин, қабл аз ҳама, таманнои онро мекунем, ки баҳору Наврӯзи навин ба боз ҳам рушд ёфтани соҳаи маориф мусоидат намоянд, таманнои онро дорем, ки дар камтарин фурсат мушкилоти асосии соҳа бартараф гарданд. 
Дар марҳилаи кунунии рушди маориф вазифаи асосии кулли алоқамандони соҳа, ончунон ки Сарвари кишвар дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ (21.12.2021) зикр карданд, боз ҳам боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия мебошад. Бовар дорам, ки аҳли маорифи диёри арҷмандамон аз ин лиҳоз фаъолияти худро боз ҳам такмил бахшида, ба комёбиҳои шоиста ноил мегарданд. 
Таманниёти Наврӯзии мо барои омӯзгорону устодони муҳтарам ин аст, ки ҳама посдору садоқатманди пешаи пуршарафу ифтихории хеш бошанд, дар кори таълиму тарбия эҷодкорӣ намоянд ва насли наврас ва ҷавононро бештар аз ҳама дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллию умумибашарӣ тарбия кунанд, барои эмин мондани онҳо аз таъсири ҳама гуна афкору таълимоти тахрибкоронаю ифротгароёна пайваста ҷидду ҷаҳд созанд. 
Наврӯз аз аҳди бостон то ба имрӯз тимсоли пирӯзии рӯшноӣ бар зулмоту ҷаҳолат, рамзи эҳёи табиат, оламу одам, ривоҷи дӯстиву рафоқат, фаровонии хайру баракат ва ифодагари орзую омоли неки мардум мебошад. Фарорасии ин ҷашни ҳумоюн ва саховатборро ба ҳамаи дӯстон аз таҳти дил, самимона табрику таҳният мегӯям. Таманнои онро дорам, ки Наврӯзи ҷаҳоноро ба ҳамагон бахту шодӣ, илҳому пирӯзӣ ва хонаободӣ эҳдо намояд ва муҳити пуртарабу шукуфо ҳамеша насиби ҳар яки мо бошад. 
Биёед, бо истифода аз файзу баракати Наврӯз бо дасту дили гарм, азму иродаи қавӣ барои ободонии диёр, хуррамии Ватани азиз ва поксозии ботину зоҳири хеш бикӯшем ва танҳо аъмолу кирдори некро бипазирем, то рӯзгорамон ҳамеша сарсабзу пурсаодат бошад.
Ҷаҳон аз боди наврӯзӣ ҷавон шуд,
Зиҳӣ зебо, ки ин соат ҷаҳон шуд! 
Фархундаҷашни Наврӯзи ҷаҳонафрӯз муборак!