НАЗОРАТИ ЧОПИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ АЗ ҶОНИБИ ШИРКАТҲОИ НОШИРИИ ВАТАНӢ

15-05-2024
Имрӯз, 15 майи соли 2024 дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбарони ширкатҳои ноширӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ асосан масъалаҳои роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ дар чопи китобҳои дарсӣ, беҳтар намудани сифати адабиёти таълимӣ, сари вақт дастраси хонандагон гардонидани маводди таълим ва назорати рафти чопи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири маориф ва илм қайд намуд, ки яке аз дастовардҳои назарраси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои охир ин тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохили кишвар ба роҳ мондани чопи китобҳои дарсӣ маҳсуб меёбад. Мақсад аз ба роҳ мондани чопи китобҳои дарсӣ дар дохили кишвар рушди соҳаи полиграфияи кишвар ва рақобатпазир шудани маҳсулоти чопии ватанӣ мебошад. Бо назардошти ин нукта ҳоло Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 19 корхонаву ширкати ноширии ватанӣ дар самти чопи китобҳои дарсӣ ва маводди таълим ҳамкорӣ дорад.
Дар идома зимни мубодилаи афкор қайд гардид, ки барои беҳтар шудани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти нашри китобҳои дарсӣ бояд ширкатҳои ноширӣ пеши роҳи ҳар гуна амалҳои коррупсиониро гирифта, мувофиқи имконияти техникӣ ва иқтидори истеҳсолии корхона чопи адабиёти таълимиро ба уҳда гиранд.
Масъалаи дигари ҳалталаб ин сари вақт пардохт намудани ҳаққи қалами муаллифон мебошад. Ширкатҳои ноширӣ уҳдадоранд, ки ҳаққи қалами муаллифонро баъди ғолиб омадан дар озмуни чопи китобҳои дарсӣ сари вақт пардохт намоянд.
Дар навбати худ роҳбарони ширкатҳои ноширӣ пешниҳодҳои худро вобаста ба чопи китобҳои дарсӣ ироа намуда, аз ҳамкориҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар охир қарорҳои дахлдор қабул гардида, бо пешниҳоди ҳозирин таъсиси комиссияи махсус ҷиҳати санҷиши сифати адабиёти таълимӣ ва иқтидори техникии ширкатҳои ноширӣ ба нақша гирифта шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон