НИГАРОНӢ: РАНГ БИНУ ҲОЛ ПУРС

27-08-2023
27 августи соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафар ба вилояти Хатлон бо вазъи омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба соли нави хониш ва омода намудани муассисаҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 шинос гардид. 
Ба ҳамагон маълум аст, ки Давлату Ҳукумат ва хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суханрониҳои хеш пайваста ба соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи амиқ намуда, ба тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон  диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. 
Дар ин росто, роҳбарияти Вазорати маориф ва илми кишвар низ дар ҷаласаҳои мушовараю назоратӣ ва сайёр доир ба таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳу сифати тадрис мунтазам таъкид менамояд. Маҳз дар мактабҳо бо роҳандозии таълиму тарбияи дуруст насли донишманду худшинонос ва худогоҳ ба камол расонида мешавад ва дар ин самт вазорат тадриҷан ба низоми таълим дар ҳама зинаҳо тағйирот ворид карда истодааст. 
Илова ба ин, дар Вазорати маориф ва илм ситоди доимоамалкунанда фаъолият мекунад, ки ҳафтае як маротиба ба таври ҳузурию онлайнӣ ҷаласаҳои худро бо иштироки сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо баргузор менамояд ва дар он пайваста таъкид карда мешавад, ки тамоми муассисаҳои таълимӣ бояд пурра ба соли нави хониш омода гарданд ва ҷиҳати қабули хонандагон ва баланд бародоштани сатҳу сифати таълим тадбирҳои судманд андешанд. Аз ин рӯ, шароити тадрис  сол то сол дар муассисаҳои таълими беҳтар гардидааст ва аксари мактабҳо ба соли нави таҳсил омода гардидаанд ва бо техникаву технологияи замонавӣ таъминанд. 
Мутаассифона, ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Ҳукумати кишвар, хусусан, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илм баъзе роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, раёсату шуъбаҳои маориф ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ дар фаъолияти хеш бемасъулиятӣ нишон дода, нисбат ба тақдири ояндаи насли наврасу ҷавон таваҷҷуҳ намекунанд.
Чунин як ҳолати ногувор ва вазъи нигаронкунанда дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба мушоҳида расид. Зимни боздиди вазири маориф ва илм ва муовинони вазир маълум гардид, ки бинобар сабаби бепарвоию бемасъулиятии масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ муассисаи мазкур умуман ба соли нави хониш омода нест. Ин дар ҳолест, ки то оғози соли таҳсил танҳо 4 рӯз боқӣ мондааст ва мебоист тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илм то имрӯз муассисаҳои таълимӣ пурра омода мегардиданд. Деворҳои рехтаю фарсуда, шишаҳои шикастаи тирезаҳо, рангубор нашудани фаршҳо, дар рӯйи фаршҳо “ба ҳоли зор” гузоштани китобҳои дарсӣ, вазъи ногувори майдончаҳои варзишию партовҳои зиёд дар саҳну атрофи муассиса гувоҳи он аст, ки на масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва на намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия боре аз муассисаи таълимии мазкур дидан накардаанд. Дар баробари ин, дар муассиса зиндагӣ намудани сокинон ба назар расид, ки хилофи меъёрҳои муайяншуда мебошад. Ҳол он ки муассисаи мазкур дар маркази ноҳия ҷойгир буда, яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад.    
Масъалаи дигар, ки боиси ташвишу нигаронист, иҷро нагардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» ва омода набудани муассиса ба давраи зимистонгузаронӣ мебошад. Тавре мушоҳидаҳо нишон дод, дар муассиса на ҳолати шишабандӣ дуруст ба роҳ монда шудааст ва на ангишту ҳезум ва сӯзишворӣ ба таври зарурӣ захира гардидааст.
Вазири маориф ва илм Р. Саидзода зимни боздид аз муассисаи мазкур ҷиҳати зуд омода намудани муассиса ба соли нави хониш ва барои давраи тирамоҳу зимистонгузаронии соли таҳсили 2023-2024 ба директори муассиса ва шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод. 
Вазири маориф ва илм таъкид кард, ки мебоист муассисаи таълимӣ то ин вақт омода гардида, омӯзгорону кормандони он баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи шоистаи хонандагон, ки аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як омӯзгор мебошад, барнома ва нақшаҳои мушаххасро тарҳрезӣ мекарданд, ки ин омил, аз як ҷониб, ба тайёр намудани хонандагони лаёқатманду боистеъдод  такони ҷиддӣ бахшида, аз ҷониби дигар, онҳо бо иштирок дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи ҷумҳуриявию байналмилалӣ обрӯю нуфузи муассисаро баланд мебардоштанд. 
Ҳамзамон, масъулини муқомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф ва роҳбарияти муассисаи таълимиро зарур аст, ки дар самти иҷрои рисолати аслии хеш – омода намудани муассиса барои давраи тирамоҳу зимистонгузаронии соли таҳсили 2023-2024 бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатманд тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намояд.
Дар охир Раҳим Саидзода қайд намуд, ки моро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат рисолати омӯзгории худро бо масъулияти баланд иҷро намоем ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузорем.