Нишасти матбуотӣ дар ДТТ академик М. С. Осимӣ

18-07-2018
Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011, таҳти №АП-1729 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2018 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар идома дорад.
 Санаи 18-уми июли соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ нишасти матбуотӣ доир гашт. Дар нишасти матбуотӣ раёсати донишгоҳ, декани факултетҳо, сардорони идораҳо ва мудирони шуъбаҳои дахлдор ва доираи зиёди хабарнигорон иштирок намуданд. 
Дар аввал ректори донишгоҳ Ҳ. Одиназода дар бораи фаъолияти ДТТ ба номи М. С. Осимӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Дар идомаи нишаст хабарнигорон ба масъулин саволҳои гуногун пешниҳод намуда, аз ҷониби ректор, муовинон ва дигар мутасаддиёни идораву шуъбаҳои донишгоҳ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Дар охир ректори донишгоҳ Ҳ. Одиназода ба намояндагони ВАО минатдории худро баҳри ҳамкориҳои судманд ва дуҷониба баён намуд.
 Саймуҳаммад ИЗАТУЛЛО - мутахассиси маркази
 матбуоти Вазорати маориф ва илм