Нишасти матбуотии JICA доир гардид

14-03-2019
Рӯзи 14-уми марти соли ҷорӣ намояндагии Агентии Ҷопон оид ба хамкориҳои байналмилалӣ (JIСА) дар Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор намуд, ки дар он фаъолияти агентӣ дар соли 2018 муаррифӣ гардид. 
Хидеки Танабе – роҳбари Агентии JIСА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии ифтитоҳии худ иштирокчиёнро бо кумакҳои Ҳукумати Ҷопон, ки ба рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад, шинос кард. 
Иттилоъ дода шуд, ки соли сипаришуда барои Агентии JIСА соли пур аз комёбиҳо ва воқеаҳои таърихӣ ба шумор меравад, зеро Агентӣ иҷрои 5 лоиҳаро муваффақона ба анҷом расонида, татбиқи 2 лоиҳаи навро оғоз намуд. 
Бояд қайд кард, ки Агентии JICA дар асоси стратегияи нав кушишҳои худро ба рушди соҳаҳои нақлиёт, логистика, таъмини суботи энергетикӣ ва пешбурди тиҷоратии хурд ва миёна равона месозад. Инчунин, агентӣ ният дорад, ки ҳамкориро бо вазорату идораҳои Тоҷикистон бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти минбаъдаи худ давом диҳад.
Дар қисмати дуюми нишаст мубодилаи афкор сурат гирифта, хабарнигорону иштирокдорон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
 
P.S. JICA хамкориҳои техникии худро бо Тоҷикистон аз соли 1993 бо даъват намудани хизматчиёни давлатӣ бо мақсади донишомӯзӣ дар Ҷопон ва аз худ намудани таҷрибаи Ҷопон оид ба рушди идоракунии давлат ва рушди соҳаи макроиқтисодӣ оғоз намуд. Дар оғози соли 2018 шумораи умумии иштирокчиёни Барномаи курсҳои омӯзишӣ, ки расман ҳамчун курсҳои омӯзиши JICA эътироф гардаидааст, зиеда аз 2200 нафарро ташкил дод. 
Дафтари Намояндагии Ҷопон дар Тоҷикистон соли 2006 ба фаъолияти худ шурӯъ карда, дар ин муддат лоиҳаҳои гуногуни бебозгашт ва техникӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳаёти мардуми Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таъмини оби нушокии бехатар, ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ тавассути рушди хоҷагии қишлоқ, бештар намудани инфрасохтори роҳ, авиатсия ва энергетика ва ғайраҳо амалӣ гаштаанд. JICA дар маҷмӯъ 35 лоиаҳаро амалӣ намудааст (11 лоиҳа дар ҳолати амалишавӣ қарор дорад), ки аз он 82 млн. доллари ИМА кумаки техникӣ буда, 267,6 млн. доллари ИМА кумаки бебозгашт мебошад.
 
Саймуҳаммад Изатулло