НИШАСТИ МАТБУОТИИ СОЛОНАИ ВАЗОРАТ БАРГУЗОР ГАРДИД

05-02-2021
5-уми феврали соли ҷорӣ тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба љамъбасти соли 2020 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри 2011, №АП-1729 дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии Вазорати маориф  ва илм бо иштироки М. Имомзода-вазири маориф ва илм, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
   Дар нишасти матбуотӣ 62 намояндаи расонаҳои хабарии дохиливу хориҷии кишвар, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии “Синамо”, “Сафина”, “Баҳористон”, радиоҳои «Ховар»,  «Радиои Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Овози тоҷик», “Фарҳанг”, рӯзномаҳои “Ҷумҳурият” «Садои мардум», «Народная газета», «Халқ овози», «Минбари халқ»,  «Омӯзгор», «Ҳомии омӯзгор», «Баҳори Аҷам», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Мароми пойтахт», «Паёми Душанбе», «Тоҷикистон», «Паёми донишҷӯ», «Фараж», «Вечёрка», «Азия плюс», «СССР», “Ба қуллаҳои дониш”, “Паёми донишҷӯ”, “Ёрии таъҷилӣ”, маҷаллаҳои «Бонувони Тоҷикистон», «Тоҷикистон», “Хорпуштак”, «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор», “Илм ва ҳаёт”, оҷонсиҳои иттилоотӣ ва хабаргузориҳои «Ховар», «Авесто», «Озодӣ», «Спутник», «ИТАР-ТАСС», «Мир», «Рейтер», «Россия сегодня», намояндагони Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон иштирок намуданд. 
   Сараввал вазири маориф ва илми кишвар М. Имомзода зимни сухани ифтитоҳӣ иттилоъ дод, ки вобаста ба самтҳои муҳими соҳа ва фаъолияти вазорат дар давоми соли 2020 Варақаи иттилоотӣ таҳия шуда, се рӯз қабл аз нишасти матбуотӣ расман ба 35 нашрия, 4 оҷонсӣ, 10 телевизион, 9 радио ва беш аз 180 нафар рӯзноманигору намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ирсол гардид. Ҳамзамон, ҷиҳати дастрасии бештар доштан ба Варақаи иттилоотии вазорат дар сомонаи Вазорати маориф ва илм гузошта шуда, дар рафти нишаст нусхаи чопии он дастраси иштирокдорон гардонида шуд.
   Дар идома, аз ҷониби рӯзноманигорон як қатор саволҳо вобаста ба вазъи донишҷӯёни тоҷики дар хориҷи кишвар қарордошта, саҳми олимони кишвар дар рушди соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани маоши омӯзгорони фанҳои забонҳои хориҷӣ,  таъсиси филиалҳои як қатор донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини муассисаҳои таълимӣ барои ақаллиятҳои миллӣ бо омӯзгорон ва китобҳои дарсӣ, аҳаммияти гузаштан ба низоми таҳсили 12-сола, ташкили машғулиятҳои таълимии иловагии пулакӣ дар муассисаҳои таълимӣ,  муқаррар намудани як рӯзи муайян ҳамчун рӯзи иди касбии омӯзгорон, барқарор намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ ва чанде дигар пешниҳод гардид, ки ба онҳо вазири маориф ва илм М. Имомзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ посухҳои мушаххас гардониданд. 
Ҳамчунин, нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм дар қатори дигар намояндагони васоити ахбори омма аз ҷониби кормандони Маркази матбуоти вазорат ба таври мустақим пешниҳоди истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ гардонида шуд. 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон