Нишасти матбуотии вазорат

19-07-2019
19-уми июли соли ҷорӣ тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2019 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри 2011, №АП-1729 дар маркази матбуотии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»  нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. 
Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, муовинони вазири маориф ва илм С.Давлатзода, Ф.Усмонзода, Л.Назирӣ, сардорони раёсату шуъба, роҳбарони зерсохторҳои вазорат ва 53 намояндаи расонаҳои иттилоотии дохилу хориҷи кишвар, давлативу мустақил, аз қабили рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», ҳафтаномаи «Минбари халқ», «Омӯзгор», «Фараж», «Азия плюс», «СССР», «Тоҷикистон», «Халқ овози» «Мароми пойтахт», «Народная газета», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Оила», маҷаллаҳои «Бонувони Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон», «Илм ва ҳаёт», «Русский язык и литература в школах Таджикистана», оҷонсиҳои иттилоотии «Ховар», «Авесто», «Азия плюс», «Рейтер», «Рушноӣ», шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Баҳористон», «Душанбе», «Мир», «Россия сегодня», «Настоящее время», «РИА Новости», радиоҳои «Ховар», «Радиои Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Овози тоҷик», «Ватан», «Имрӯз», намояндагони Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази татқиқоти журналистии Тоҷикистон, сафорати Амрико ва ғайра иштирок намуданд. 
Барои намояндагони васоити ахбори омма варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 дар шакли китобча пешниҳод карда шуд.  Инчунин, дар замима ба варақаи иттилоотӣ ба саволҳои корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва журналистон, ки дар доираи нишасти матбуотии вазорат пешниҳод шуда буд, посух гардонида шуд. 
Нишасти матбуотии вазорат тариқи саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои хабарнигорон вобаста ба гузаштан аз алифбои кирилӣ ба алифбои форсӣ, рафти корҳои сохтмонӣ дар 5 мактаб, ки аз ҷониби Федератияи Рассия сохта мешаванд, сохтмони ду мактаб аз ҷониби ширкати хитоии «ТВЕА» ва 3 мактаб аз ҷониби ширкати хитоии «Синохайдро» дар шаҳру ноҳияҳои  Бохтар, Леваканд ва Данғара, рафти тарҷумаи китобҳои дарсӣ аз забони тоҷикӣ ба забони русӣ, шарҳи овозаҳо дар атрофи роҳандозӣ гаштани пойафзоли ягонаи мактабӣ, тарҷумаи китобҳо барои хонандагони намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, корҳои анҷомдодашуда дар самти фарогирии хонандагони аз Ироқу Сурия овардашуда дар муассисаҳои таълимӣ, баъд аз муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ идома додани таҳсил дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, интиқоли донишҷӯён аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътирофи дипломҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои хонандагони тоҷик ҷудо гардидани квота аз ҷониби Федератсияи Россия ва теъдоди донишҷӯён дар Федератсияи Россия таҳсилдошта, омилҳои даст задани наврасон ба ҷинояткорӣ ва худкушӣ, баргаштан ба низоми таълими Шӯравӣ, аз меъёр зиёд будани хонандагон дар синфҳо ва гузаштан ба низоми таҳсилоти 12-сола, тамдиди соли таҳсил то 14-уми июн, роҳандозӣ гардидани стандарти ягона дар мавриди истеҳсоли пойафзоли мактабӣ ва чанде дигар вазири маориф ва илм, муовинони вазири маориф ва илм С.Давлатзода, Ф. Усмонзода, Л. Назирӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои зертобеъ посухҳои мушаххас доданд.