НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

03-02-2022
3-юми феврали соли ҷорӣ тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2021 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри 2011, №АП-1729 дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузоришаванда дар соҳаи маориф ва 65 нафар намояндагони васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Нахуст, М.Имомзода-вазири маориф ва илм иттилоъ дод, ки вобаста ба фаъолияти вазорат дар соли 2021 ҳанӯз чанд ҳафта қабл маълумоти муфассалу таҳлилӣ таҳия шуда, зери унвони “Натиҷагирӣ аз соли 2021” бо истифода аз расму диаграмма ва интервюи мутахассисон тавассути шабакаҳои ичтимоӣ пешниҳоди ҳамагон гардонида шуд. Варақаи иттилоотӣ се рӯз қабл аз нишаст дар сомонаи расмии вазорат ҷой дода шуда, ҳамзамон, ба тамоми суроғаҳои электронии нашрияҳо, радиою телевизионҳо, оҷонсиҳои иттилоотии кишвар ва наздики 200 нафар истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ирсол гардид. Имрӯз нусхаи чопии он дар дасти иштирокдорон аст, аз ин рӯ, нишасти матбуотӣ тариқи саволу ҷавоб сурат мегирад.
- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ дар асоси дастуру супоришҳо ва паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат ба роҳ монд,-зикр кард вазир. - Дар соли сипаригашта 4 стратегияву барномаҳои давлатии соҳаи маориф бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд, ки иҷрои талаботи онҳо дар рушду нумуи соҳаи маориф ва илми кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамчунин, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҷдиди назар намудани барнома ва стандартҳои давлатии ҳамаи зинаҳои таҳсилот лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Бори нахуст ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки дар маҷмуъ ҳамаи маблағҳои соҳаи маориф ҳимояшаванда маҳсуб меёбанд. Ислоҳоти қабулшуда барои беҳбудии вазъи молиявии соҳаи маориф мусоидат хоҳад намуд.
Инчунин, бори нахуст Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ дар лоиҳаи нави маблағгузории ташкилоти Шарикии Глобалии Маориф (СРЕ) дар миёни 76 давлат ба ҳайси гирандаи грантҳои пилотӣ интихоб гардид ва нақшаи стратегии мо барои амалишавии Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ аз нақшаҳои стратегии муваффақ дониста шуд.
Бо қабул шудани Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 имконияти зиёди ҷалби маблағҳои грантӣ барои соҳаи маориф фароҳам оварда шуд. Айни замон 19 ташкилоти байналхалқӣ барои дастгирӣ ва маблағгузорӣ намудани стратегияи мазкур таклифу пешниҳодҳо намуданд.
Мо, намояндагони аҳли илму маориф ифтихор аз он мекунем, ки ифтитоҳи нахустин иншоот дар соли таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат 22 январи соли 2021 баргузор гардид ва биноҳои таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин, барои сохтмони 1 муассисаи томактабӣ, 1 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 2 бинои хобгоҳ (барои 5000 донишҷӯ) санги асос гузошта шуд. Дар маҷмӯъ, дар давоми соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ 251 иншооти соҳаи маориф мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Дастоварди дигар ва боиси ифтихори ҳар фарди кишвар ин иштироки хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳо мебошад, ки дар соли 2021 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ 1842 хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (284 медали тилло, 532 медали нуқра, 1026 медали биринҷӣ) гардид. Инчунин, хонандагони кишвар дар соли 2021 дар 36 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 648 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 79 медали тилло, 190 медали нуқра ва 379 медали биринҷӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2021 хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои бе имтиҳон қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба ихтисосҳои филологияи тоҷик ва филологияи рус, донишҷӯёну магистрантону аспирантҳо барои қабул шудан ба зинаи дигари таҳсил аз рӯйи самту ихтисос соҳиби роҳхат гардиданд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои соҳавии худро саривақт ва бо сифати баланд иҷро намояд.
Сипас, саволу ҷавоб сурат гирифта, аз ҷониби 17 нафар намояндаи ВАО 33 савол вобаста ба сохтмони мактаб, аз таҳсил дур мондани духтарон, ҷалби магистрантону омӯзгорон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, иҷро нашудани нақшаи қабул дар зинаи магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тарки касб намудани омӯзгорон, таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ барои ақалиятҳои миллӣ, бе имтиҳон дохил шудани иштирокчиёни озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба муассисаҳои таълимии касбӣ, ҷудо намудани маблағ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ, таҳсили хонандагони ношунаво дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалби донишҷӯён ба “маршировка” ва имтиёзҳои пебинишуда барои донишҷӯён, сифати таҳсилот ва мустаҳкамнамоии базаи модиву техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ифтитоҳи филиалҳои мактабҳои олии хориҷӣ дар Тоҷикистон, таҳсили хонандагону донишҷӯёни афғон дар Тоҷикистон, дар муассисаҳои таълимӣ ба кор ҷалб намудани омӯзгорони афғон, таъмини хонандагон бо хӯроки гарм, сохтмони панҷ мактаб аз ҷониби Федератсияи Россия, фаъолияти омӯзгорони рус дар Тоҷикистон, таҳсили шаҳрвандони тоҷик дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Қирғизистон ва чанде дигар пешниҳод гардид, ки ба ҳар кадоми он вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ посух доданд.
Ҳамчунин, нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм дар қатори дигар намояндагони васоити ахбори омма аз ҷониби кормандони Маркази матбуоти вазорат ба таври мустақим пешниҳоди истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ гардонида шуд.
 Э. Хушбахт