ҲНИТ: аз хоинӣ то куштори чеҳраҳои маъруфи миллат

06-04-2018
Шоми 8-уми августи соли 2017 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон филми мустанадеро дар Шабакаи якуми телевизиони «Тоҷикистон» ба намоиш гузошт, ки ба ин васила боз ҳам парда аз руйи аъмоли хоинонаи ташкилоти экстремистӣ- террористии ҲНИТ бардошта шуд. Дарвоқеъ, филми мазкур аз забони террористон ва аъзоёни дастгиршудаи собиқ ҲНИТ хеле касбӣ ва воқеъбинона таҳия шудааст. 
Вокунишҳо ба филм гуногунанд, аз ҷумла, баъзе ҷонибдорони ҲНИТ ва пуштибонони онон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ кӯшиш доранд, ки дурустии далелҳои собитшударо дар қазияи мазкур зери шубҳа  баранд. 
Аммо ин «вокуниш»-ҳо бори дигар исбот намуданд, ки роҳбарону таблиғгарони ҲНИТ ҳоло ҳам дар байни ҷавонону гурезаҳои камсаводу сустирода   ба тарғиботи идеологияи ифротӣ пардохта, қисмате аз онҳоро барои таҳсил ба ҳар гуна мактабу таълимгоҳҳои хориҷӣ бурда, ҷавононро ба «ҷиҳод» даъват менамоянд.
Қ.Назаров - полковники Вазорати корҳои дохилӣ зимни мусоҳибаи хеш ба нашрияи «Фараж» иброз доштааст: «Ҷангиёни наҳзатиро  дар се давра (солҳои 1993 – 1994, 1994 – 1996, 1996 – 1998, дар ҳар даврае аз 80 то 100 нафарӣ) бо ихтисосҳои таблиғотчӣ (пропагандист), муайянкунанда (установщик), назораткунанда (наблюдатель),  таҳиякунандаи воситаҳои  тарканда ва нобудкунанда (киллер) омода намудаанд. Чизи ниҳоят муҳим он аст, ки хадамоти махсуси Эрон таваҷҷуҳи хоса барои тайёр кардани истихдомчиҳо (вербовшикҳо) медод. 
Онҳоро бо овози нарм, сухану гуфтори мулоим таҳти шиорҳои исломӣ, бо ҳазор зиракиву айёрӣ интихоб мекарданд ва меомӯзониданд, ки чӣ тавр як тоҷики содаи мусулмони суннии раҳгумзадаро ба доми худ афтонанд.       
Қабл аз бурдан ба марказҳои террористӣ, ба ҳар як нафар лақаби  мустаор ва асноди қалбакӣ дода мешуд, то нисбат ба шахсияти якдигар маълумот надош-та бошанд. Баъдан онҳоро ба ҳалқаҳо ҷудо намуда, як нафарро сардори он таъйин мекарданд ва тавассути ӯ ҳалқа идора мешуду дастуру супориш мегирифт. Баъди гузаштани давраи омодагии ҷангӣ-диверсионӣ барои иҷро намудани амалиёти тарҳрезишуда ба Тоҷикистон фиристода мешуданд.
Филми мазкур  собит сохт, ки ҲНИТ бо дастури хоҷагони хориҷиашон фитна, қатлу кушторро дар Тоҷикистон ташкил намуда, бо қатли чеҳраҳои маъруфи миллат чун Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Сайф Раҳими Афардӣ, рӯзноманигорон Отахон Латифӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Давлаталӣ Раҳмоналӣ ва дигарон вазъро дар дохили кишвар ноором гардонида, норизогии маҳалҳоро дар дохили кишвар ба миён оваранд.
    Филми мазкур ба чор забон тарҷума гардида, имрӯз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ онро миллионҳо нафар сокинони сайёра тамошо карда, ҳақиқатро дар бораи ҲНИТ дарк карда истодаанд.
Филми мазкур, дар асоси далелҳои воқеӣ бо иқрори худи қотилон на танҳо «қарта»-и ҲНИТ-ро возеҳу равшан кушод, балки «фармоишгарон»-ро низ ошкор сохт, яъне, наҳзатиён хиёнатҳои худро эътироф намуданд ва кумак-расону пуштибони худро ошкоро  гуфтанд.
Рустам Солеҳов,
сармутахассиси шуъбаи 
маорифи ноҳияи Восеъ