НИЗОМИ БАҲОГУЗОРИИ 10-ХОЛА ВА МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ ДОНИШ

09-01-2024
Имруз дар толори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҷаласаи васеи гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.
Дар ҷаласа директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон А. Наҷмиддиниён лоиҳаи «Дастурамал оид ба озмоиши низоми баҳогузори 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муаррифӣ намуда, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм Р. Мирзозода дар мавзуи «Баҳогузорӣ ба дониш, малака, маҳорат ва рафтори хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии озмоишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуд.
Зимни баррасии масъалаҳои мазкур вазири маориф ва илм оид ба ислоҳоти соҳаи маориф ва зарурати гузаштан ба низоми нави баҳогузорӣ суханронӣ намуда, масъулон, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро муваззаф намуданд, ки ҷиҳати амалӣ шудани низоми нави баҳогузорӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Дар охир миёни иштирокчиён мубодилаи афкор оид ба низоми нави баҳогузорӣ сурат гирифт.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон