НИЗОМНОМАИ ХОРИҶ, БАРҚАРОР ВА ИНТИҚОЛИ МАГИСТРАНТОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ИЛМИИ ҶУМҲУРӢ” ТАСДИҚ ГАРДИД

13-04-2020
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
 
Татбиқи қонуну қарор, консепсия ва барномаҳои давлатии дар самти илм қабулгардида таҳти назорати доимии масъулин қарор дода шуда, ҷиҳати амалшавии талаботи онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд.
Дар ин самт, “Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо барои соли 2020» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.02.2020, №156 тасдиқ гардид. Тибқи нақшаи мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, муассисаҳои зертобеи вазорат конференсияву симпозиум ва анҷуману семинарҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир гардида истодааст.
Бинобар ин, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ вазифадор карда мешаванд, ки чорабиниҳои илмии муассисаро танҳо дар доираи нишондоди нақшаи мазкур ба роҳ монанд.
Инчунин, дар ин давра Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дорад.
Аз ин рӯ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд низ ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи мазкур тадбирҳоро амалӣ сохта, аз натиҷаи корҳои ба анҷомрасида ба вазорат маълумотнома пешниҳод намоянд.
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 5 феврали соли 2020, №АП-1339 вобаста ба баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2020 даври аввали озмун дар заминаи Низомнома ва Тартиби баргузории он оғоз ёфт.
Аз ин рӯ, сардорони раёсат, шуъбаҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ, муассисаҳои зертобеи вазорат вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати иҷрои талаботи Амри мазкур чораҳои мушаххас андешанд.
Гузашта аз ин, “Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ” таҳия ва тасдиқ гардид.
Бинобар ин, роҳбарони муассисаҳои таълимию илмӣ вазифадор карда мешаванд, ки фаъолиятро тибқи санади мазкур ба роҳ монанд.
Ҳамчунин, вазъи фаъолияти Шӯроҳои диссертатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илм ва вазъи таълим дар зинаи магистратура ва докторантура дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мавридӣ баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар ин замина, ба роҳбарони муассисаҳои таълимию илмӣ дастур дода мешавад, ки бо мақсади дар доираи талабот ба роҳ мондани фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ ва вазъи таълим дар зинаи магистратура ва докторантура тадбирҳои судманд андешанд.