НОМАИ ТАҚДИРИ МИЛЛАТ

24-06-2020
   Ваҳдати миллии мо, ки соли 1997 баъди муноқишаҳои бемаънӣ ба даст омад, бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ ва муҳимтарин омили баҳамоии ҳамагон ва эҳёи арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад. 
   Маҳз ваҳдати миллӣ барои шукуфоиву сарсабзӣ, ободонӣ, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, таъмини амнияти миллӣ, таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ шароити созгор фароҳам овард. Барои расидан ба ин рӯзи таърихӣ миллати азияткашидаи мо роҳи пурмашаққатро бо меъмори ваҳдат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тай намуд. Дар он рӯзҳое, ки миллати мо аз ду ҷониб дар забон таронаи ваҳдат доштанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин суханони пурҳикматро барои тоҷикистониён ва ҷаҳониён ироа доштанд: «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва, муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст». Бале, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, маҳз Ваҳдати миллӣ заминаи сарҷамъсозии тоҷикони муҳоҷири иҷбориро, ки берун аз марзи Ватан қарор доштанд, гузошт. Бамаврид аст хотирнишон намоем, ки дар он рӯзҳои тақдирсоз наздики як миллион нафар ҳамватанони мо дар Афғонистон ва ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чун паноҳанда умр ба сар мебурданд. 
     Аз он айём бисту ду сол сипарӣ мегардад. Шукри Ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолӣ, ки кишвари азизи мо – Тоҷикистон дар ин муддат хеле пеш рафт, рушд карду қомат афрохт. Насле, ки имрӯз ба камол мерасаду ояндасозони Ватан маҳсуб меёбад, ба таърихи соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон ва ваҳдати наҷотбахши миллӣ тавассути китобу рисолаҳои таърихӣ ва филмҳои мустанад шинос мегардад. Вақте ки мо Ваҳдати миллӣ мегӯем, наметавонем он айёмро нодида бигирем ва саъю талошҳои мардумамонро дар он солҳои пурошӯбу тақдирсоз сарфи назар намоем. 
    Чунонки маълум аст, даҳаи охири солҳои 90-ум бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани соҳибистиқлолӣ вазъи сиёсию иҷтимоии чандин ҷумҳурии бародарӣ, ки дар як паҳнои муштарак ҳамзистӣ доштанд, ба куллӣ тағйир ёфт. Аз ҷумла, дар кишвари мо неруҳои ҷудоихоҳ, ки худро “исломӣ” муаррифӣ карда, аз хориҷи мамлакат дастгирӣ меёфтанд, вазъро муташанниҷу печида сохта, оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхтанд. Ин ҷанги бародаркуши бемаънӣ, ки қариб панҷ сол идома дошт, барои Тоҷикистон хисороти сангини ҷонӣ ва иқтисодӣ ба бор овард. Беш аз 120 ҳазор одам қурбони ҷанги шаҳрвандӣ шуданду хисороти иқтисодӣ аз миллиардҳо доллари амрикоӣ беш буд.
    Охири ҳама кашмакашиҳову ҷангу ҷидолҳо сулҳ аст. Миллати куҳанбунёди мо бо он фазилати азалӣ эҳсос намуд, ки идомаи ҷанг ба порашавии Ватан ва нобудии миллат оварда мерасонад. Пойдевори ваҳдатро Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, гузошт. Ҳоло мардуми мо ин ҳамоиши бузурги таърихиро бо номи “Иҷлосияи тақдирсози Хуҷанд” ба забон меоранд. Сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардид. Аввалин суханони Сарвари давлат аз ин минбари олӣ ва таърихӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон чунин садо дод: “Ман ба шумо сулҳ меорам!” Ин сухани одӣ набуд, балки як барномаи амали Сарвари давлат маҳсуб меёфт, ки ба истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ишора мекард.
    Бояд хотиррасон намуд, ки интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон заминаи ваҳдати миллӣ ва иттиҳоди миллати моро гузошт. Гуфтушуниди тоҷикон бобати истиқрори сулҳ ва хатми оташбас аз моҳи апрели соли 1994 шурӯъ ёфт. Ин даври аввали музокироти тоҷикон буд, ки дар Москва баргузор гашт ва он масъалаи ба Ватан баргардондани муҳоҷирони иҷбориро ҳаллу фасл намуд. Муддати се сол музокироти тоҷикон идома дошт, ҳайатҳои мухолифин ва давлат борҳо дар шаҳрҳои Исломобод, Теҳрон, Алмаато, Ашқобод ба ҳам омада, тақдири Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Музокироти рӯзҳои 24-27 июни соли 1997 дар Москва аз нигоҳи таърихӣ хеле боаҳамият мебошад, зеро ду ҷониб дар ҳалли масъалаҳои муҳокимашаванда ба ҳам омада, ба ҳуҷҷати сарнавиштсози “Истиқрори сулҳи тоҷикон” имзо гузоштанд.
    Пас аз ба имзо расидани ин ҳуҷҷати таърихӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба эътидол омад. Барномаҳои азими бунёдкорӣ қабул шуда, се ҳадафи стратегӣ: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини озуқаворӣ ба миён гузошта шуд. Дар муддати даҳ соли пас аз ба имзо расидани санади сулҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҳадафҳо сарбаландона расид. Ҳоло мо ҳадафи чорум –саноатикунонии мамлакатро мақсади хеш қарор додаем.
    Месазад чанд ҳарф дар бораи аҳамияти таърихӣ ва шуҳрати Ваҳдати миллиамон иброз бидорем. Ваҳдати миллӣ якпорчагии марзу бум ва сарҷамъии миллатро таъмин кард. Ба Ваҳдати миллии мо ҷаҳониён назари нек доранд, зеро ягон ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин вақти кӯтоҳ ба сулҳу ваҳдат нарасидааст, чунонки тоҷикон ба он муваффақ гаштаанд. Таҷрибаи ваҳдатофарӣ ва сулҳи тоҷикон дар як қатор кишварҳое, ки аз хатарҳои терроризму экстремизм ва дигар низоъҳо ранҷ мебаранд, бо пешниҳоди Созмони Милали Муттаҳид татбиқ меёбад. Ин боиси ифтихори мо – тоҷикистониён аст.

 Исматулло НУРОНОВ,
прокурори калони Раёсати муқовимат бо терроризм,
экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо
дар самти амнияти миллии
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовири адлияи дараҷаи якум,
Абдухолиқ АБДУЛЛОЕВ,
муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию
методии назди ВМИ ҶТ