НОМУСИ ВАТАНДОРӢ

25-06-2020
   Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мунодии сулҳ аст, зеро дар кишваре, ки рӯзҳои сахт ва оқибатҳои фалокатбори ҷангро дид, ризоияти сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ амри ҳаётан муҳим мебошад ва ҳифзу таҳкими минбаъдаи онҳо вазифаи ҷонии ҳар фарди баномуси Ватан аст. 
   Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун меъмори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон сарварии Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро бар дӯш доштанд, чунин таъкид кардаанд: «Хушбахтона, мо дар кишвари худ баҳри сулҳи пойдор ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа заминаи боэътимод гузошта тавонистем, вале агар мо хоҳем, ки Тоҷикистон тараққӣ карда, ба сафи давлатҳои пешқадам ворид гардад, наслҳои ояндааш зиндагии сазовор дошта бошанд ва аз падару модарони худ ба некӣ ёд кунанд, бояд ҳаргиз ба халалдор шудани сулҳу субот роҳ надиҳем ва бақову пойдории давлати миллиро пайваста таъмин намоем. Созишномаи сулҳ бо сатҳи баланди аҳамияташ ба Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар як радиф қарор дорад! » 
   Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон бузургтарин ва арзишмандтарин дастовард аст. Баъди нооромиҳо ва кашмакашҳои солҳои аввали истиқлолият ба шарофати хирадпешагию сулҳдӯстии тоҷикон 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва дар ҳаёти аҳли ҷомеаи кишвар марҳилаи нави бунёдкорӣ оғоз ёфт.
    Ваҳдати миллӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Мо ин ҷашни муқаддаси миллиро бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азиз кунем.
    Солҳои 1992-1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангу низоъҳои дохилӣ боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекарданд. Кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озодиҳои демократӣ ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ боис гардиданд. Гурӯҳҳои ҷоҳталаб арзишҳои воло ва муқаддасоти диниро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ истифода мебурданд ва таъсиси ҳизбро аз нигоҳи дин асоснок менамуданд, вале сохтори бисёрҳизбию ҷаҳонбинии дигарро эътироф намекарданд. Дар ҳамон солҳо душманони миллат қасди он доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро пора-пора кунанд.
    Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва дар натиҷа чандин ҳазор нафар ҳамдиёрамон куштаю қариб як миллион нафар гуреза ва муҳоҷир шуданд. Хатари маҳв ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ба миён омада буд. Дар ин вазъият барои мамлакат сарваре лозим буд, ки барои сулҳу ваҳдати миллӣ ҷони худро дареғ надорад ва манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои маҳалу гурӯҳ ва минтақа боло гузорад. Аммо дар Тоҷикистони оғӯштаи хуну оташи ҷанг ва мотамзада касе ҷасорат намекард, ки вазифаи басо сангину масъулро ба дӯш гирад. Ниҳоят, моҳи ноябри соли 1992 намояндагони мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд (дар мавзеи таърихии он Қасри Арбоб) Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шӯрои Олиро доир намуда, Эмомалӣ Раҳмонро ба сарварии Тоҷикистон пазируфтанд.
    Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба мақоми олии мамлакат нишастан дар муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 зимни нахустсавганди ёднамудаашон гуфта буданд: “Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам…” Ва ба қавли худ устувор монданд.
    Хушбахтона, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона, матонат ва зиракиву ҳушёрии худ кишварро аз вартаи фалокат берун оварда, мардуми парокандаро сарҷамъ намуданд ва садҳо ҳазор муҳоҷирро ба Ватан баргардонданд. Президенти кишвар дар як муддати кӯтоҳ вайронаҳоро ба ободӣ табдил дода, барои куллан ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори кишвар талоши азим карданд. Бузургтарин дастоварди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
   Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқот бо сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ (19 сентябри соли 2012), аз ҷумла, чунин зикр намуданд: «Дар чунин шароити ҳассоси авзои байналмилалӣ моро зарур аст, ки доимо ҳушёру зирак бошем, ақлу хирад ва донишу таҷрибаи худро ба хотири тақвияти минбаъдаи давлатамон, ҳифзи марзу буми он, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу суботи комили ҷомеа сафарбар намоем». Ин суханони ватандӯстона таъкид бар он мекунанд, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд донишу таҷриба ва фаъолияти худро баҳри рушду нумӯи давлатдорӣ, барои шукуфоии Ватани азиз истифода намуда, посдори сулҳу ваҳдати миллӣ бошад.

Силмон МАВЛОНАЗАРОВ,
мудири кафедраи технологияи
иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии
Академияи  идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент