«НОЗИРОНИ НАВРАСИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ». Наврасони шаҳри Турсунзода сазовори ҷойи аввали озмуни ҷумҳуриявӣ гардиданд

03-06-2024
Нозирони навраси шаҳри Турсунзода дар озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» ҷойи аввалро ишғол намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.
Нозирони навраси шаҳри Турсунзода дар байни 10 даста дар ҳайати 100 нафар нозирони навраси ҳаракат дар роҳ аз шаҳри Душанбе, шаҳри Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ноҳияҳои Муъминобод, Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон, шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт, шаҳрҳои Ваҳдат ва Турсунзода иштирок намуданд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун дастаи «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ»-и шаҳри Турсунзода сазовори ҷойи аввал, дастаҳои «Нозирони навраси ҳаракат»-и мактаби №42-и шаҳри Душанбе ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сазовори ҷойи дуюм ва дастаҳои «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ва дастаи литсейи №2-и шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Мақсади асосии озмун тавсеа бахшидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, гирифтани пеши роҳи ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ, фаҳмонидани оқибати онҳо ба кӯдакону наврасон ва ҷалби диққати ташкилоту идораҳои марбута ба ҳисоб меравад.

АМИТ «Ховар»