Нутқи мураттаб - иқдоме ба эссенависӣ

21-05-2018
Инкишофи нутқи мураттаб  яке аз дарсҳоест, ки хонандаро ба эҷоду озодфикрӣ  мерасонад. Ин дарс бидуни таърифу қоидаҳои забони адабӣ бояд гузарад. Агар омӯзгор ботаҷриба бошад, дар чунин дарсҳо бештар  ба гуфтору навиштор  аҳамияти хоса медиҳад, то ки хонанда фикри худро пайдарпаю мураттаб ва шифоҳию хаттӣ иброз дошта тавонад.
Инкишофи нутқи мураттаб. Дарс дар синфи панҷум.
Омӯзгор: - Оё шумо мафҳуми мураттабро медонед? Бачаҳо, кӣ гуфта метавонад, ки калимаи мураттаб ба кадом  калима  наздик аст?
Хонанда: - Ба калимаи тартиб. 
Омӯзгор: - Аз ин ҷост, ки мо бояд дар дарси нутқи мураттаб фикри худро  бо тартиб  ифода намоем. Дониши худро ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ инкишоф диҳем.
Мавзӯъ: Навиштани иншои хурд (эссе) дар мавзӯи «Баҳор - фасли  шукуфтанҳо». 
Эссе. Ин калима на ба ҳама фаҳмост, зеро аз калимаи лотинии «exagium» (санҷиш) ва франсавии «еssai» (кӯшиш, ҷустуҷӯ, таҳлил) гирифта шуда, маънои иншои хурдро дорад. Эссе ба китобу сухану калом алоқаи зич дошта, эссенавис бояд дорои дониши қавӣ ва шеърфаҳм бошад. Дар бораи қисматҳои он мо дар рафти дарс сухан мегӯем.
Омӯзгор: - Бачаҳо, аввал мо калимаҳоеро дар тахтаи синф менависем, ки дар иншо истифода мекунем. Масалан: баҳор, сабза, гулзор,  фасл, борон, манзара, дилфиреб, арӯси сол, чаман, гулпӯш, марди деҳқон, табиат, шукуфтан…
Бачаҳо дар тахтаи синф калимаҳоро менависанд.
Омӯзгор: - Кӣ метавонад матн офарад?
Хонандагон  матни  хурд дар мавзӯи баҳор меофаранд. Онро шифоҳӣ  баён менамоянд.
Омӯзгор: - Иншои эссеро бо ду мисраъ шеър оғоз менамоем:
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тииб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб….
- Ин шеър ба қалами кадом шоир мансуб аст?
Хонанда: - Ин мисраъҳо ба қалами асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тааллуқ дорад.
Оре, аз устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сар карда, эҷодиёти аҳли адаби тоҷикро васфи табиат фарогир аст. 
Омӯзгор: - Додани саволи риторикӣ.
Бачаҳо: - Саволи риторикӣ чист?
 Омӯзгор:  - Саволи риторикӣ  чунин тарзи пурсиш аст, ки саволдиҳанда ҷавоби онро аз касе интизор нест. Муаллиф чанд саволро пай дар пай  баён менамояду дар охир  ба он худ ҷавоб медиҳад.
Канӣ, бачаҳо, шумо чӣ гуна савол омода сохтед?
Хонандаи 1: - Баҳор чӣ гуна фасл аст?
Хонандаи 2: - Барои чӣ ман баҳорро дӯст медорам?
Хонандаи 3: - Оё баҳор фасли шукуфтанҳост? 
Хонандаи 4: - Баҳор фаслест, ки табиат зинда мегардад. Ҳама сабзу гулпӯш мегардад. Марди деҳқон аз пайи киштукор мешавад.
Хонандаи 5: - Ман аз ҳама зиёд баҳорро мепарастам. Зеро баҳор қолини сабз ба бар мекунад. 
Хонандаи 6: - Дар ҳақиқат баҳор фасли шукуфоӣ аст.
Баҳор омад, чаман гулпӯш омад,
Дили мо бачагон дар ҷӯш омад.
Бо омадани баҳор чаманҳо қабои рангоранг ба бар мекунанд. Дили хурду калонро шодию фараҳ фаро мегирад.
Омӯзгор: - Бачаҳо, иншои хурд  дорои далелҳо, мураттаббаёнӣ, хулосаи муаллиф доир ба мавзӯъ мебошад. Мо ҳоло дар сарсухан ва дар қисмати асосӣ байтҳо овардем. Акнун меоем сари хулоса. Хулосаи иншои хурд баргаштан ба мавзӯъ аст.  Дар хулоса бояд таъкид шавад: Аз иншои навиштаам ба хулосае омадам, ки баҳор….
Ман ба хулосае меоям, ки баҳор…
Хушоянд аст, ки дар ИМД (имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ) кори хаттӣ аз фанни забони тоҷикӣ (ЭССЕ) дохил  шудааст, аммо озмоишҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам хонандагони муассисаҳо чӣ гуна навиштани чунин иншоро намедонанд. Аксарияти омӯзгорон низ ба сохтори эссе шинос нестанд ва дар навишти он душворӣ мекашанд. Ин мушкилӣ дар баргузории семинарҳо ва машғулиятҳо бо омӯзгорон ҳалли худро меёбад. Эссенависӣ  танҳо ба омӯзгори забон ва адабиёт хос нест, балки дар дарсҳои физика, химия, биология, таърих омӯзгор метавонад дар супориши вазифаи хонагӣ ба хонандагон навиштани эссеро талқин намояд. Бартарии навиштани эссе дар он аст, ки хонанда кӯшиш мекунад, ки дар бораи мавзӯи дарс аз адабиёти беруназдарсӣ (маҷаллаҳо, интернет, нашрияҳо, китобҳои бадеӣ) зиёд омӯзад ва ба хонандаи дигар талқин намояд.
 Бигузор, соатҳои нутқи мураттаб дар  синфхои 8-11 низ ҷорӣ шаванду  хонанда барои эҷоди эссе омода бошад, зеро нутқи мураттаб қадами аввалин  барои эссенависӣ аст.
 
Шарифгул  ҲУСЕЙНОВА,
омӯзгори мактаби №28,
ноҳияи Варзоб