НУҲУМИН НАМОИШГОҲ-ЯРМАРКАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ТАҲСИЛОТИ РОССИЯ-ТОҶИКИСТОН-2021 ШУРӮЪ ГАРДИД

19-05-2021
 
19-уми майи соли равон дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии “Таҳсилоти Россия-Тоҷикистон-2021” бо иштироки намояндагони 26 муассисаи таҳсилоти олии Федератсияи Россия – Донишгоҳи давлатии техникии Воронеж, Донишгоҳи давлатии забоншиносии Нижний Новгород ба номи Н.А.Добролюбова, Донишгоҳи федералии Сибир, Донишгоҳи давлатии Тюмен, Донишгоҳи давлатии техникии Омск, Донишгоҳи давлатии Мари, Донишгоҳи давлатии Воронеж, Донишгоҳи давлатии нақлиёти Шарқи Дур, Донишгоҳи давлатии Вятка, Донишгоҳи давлатии идоракунии системаҳои радио ва радиоэлектроника, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, Донишгоҳи федералии Кавкази Шимолӣ, Донишгоҳи давлатии Комсомолск-на-Амур, Донишгоҳи политехникии Москва, Донишгоҳи федералии Қазон, Донишгоҳи давлатии Кемерово, Филиали Муассисаи давлатии таҳсилоти олии федералии «МИРЭА - Донишгоҳи технологии Россия» дар Ставропол, Донишгоҳи давлатии техникии Кузбас, Донишгоҳи давлатии миллӣ-таҳқиқотии Мордовия ба номи Н.П.Огарева, Донишгоҳи давлатии политехникии Россияи Ҷанубӣ ба номи М.И. Платова, Донишгоҳи давлатии техникии Уляновск, Донишгоҳи давлатии гуманитарии Россия, Донишгоҳи давлатии технологияҳо ва дизайни Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии Томск, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Кавкази Шимолӣ (Донишгоҳи давлатии технологӣ) ва 4 филиали донишгоҳҳои Россия дар Тоҷикистон фаъолияткунанда ба кори худ шурӯъ кард.
Қабл аз оғози намоишгоҳ-ярмарка, дар толори калони Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон бо иштироки ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарду кишвар мулоқот доир гардид, ки дар он Қодирзода Д. – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шведсов П.А. – муовини Маркази илм ва фарҳанги Россия “Россотрудничиества”-и Федератсияи Россия, Иванов И.С. -  директори намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Россия «Россотрудничество» дар Душанбе ва Бурлько И Е. – котиби якуми сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола ҳадаф аз ташкили чунин намоишгоҳ-ярмарка фароҳам овардани имкон барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯён, довталабон ва хоҳишмандоне мебошад, ки мехоҳанд таҳсилро дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия идома диҳанд. 
Сипас, дар саҳни донишгоҳ бо иштирокдорони намоишгоҳ-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, довталабон ва волидайн мулоқоти намояндагони Вазорати маориф ва илм ва Маркази илм ва фарҳанги Россия “Россотрудничество” баргузор гардида, бо буридани лентаи рамзӣ иштирокдорон аз намоишгоҳ дидан карданд.
Дар рафти намоишгоҳ намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Россия ба хоҳишмандон дар бораи шароити қабул, таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ, барномаҳои ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ, шароити зист дар давраи таҳсил, истироҳат ва стипендияҳои муассисаҳо маълумот дода, ба суолҳои довталабон посухҳои мушаххас медоданд.
Дар доираи намоишгоҳ-ярмаркаи мазкур, дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ мулоқоти Имомзода М.С. – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо И.С. Лякин-Фролов -  сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шведов П.А. – муовини Маркази илм ва фарҳанги Россия “Россотрудничиества”-и Федератсияи Россия, Иванов И.С. -  директори намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Россия «Россотрудничество» дар Душанбе Бурлко И Е. – котиби якуми сафорат Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳои ҷойдоштаи кишварҳо дар самти маориф ва  илм ибрози назар намуданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои муштарак бояд ҷиҳати бо сифати баланд сохта ба истифода додани мактабҳои русӣ, таъмини муассисаҳои русзабон бо омӯзгорони варзида ва китобҳои дарсию бадеӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, вусъат бахшидани ҳамкориҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳарду кишвар, татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ дар самти омӯзиш ва такмили забони русӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Ёдовар мешавем, ки Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии “Таҳсилоти Россия-Тоҷикистон-2021” рӯзҳои 19-20-уми май дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия доир гардида, сипас, рӯзи 22-юми май дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд кори худро идома идома медиҳад, ки хонандагону донишҷӯён ва хоҳишмандон метавонанд дар он иштирок намоянд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон