Об - неъмати бебаҳо

27-04-2018
Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии
Созмони Милали Муттаҳид (ИМА, Ню-Йорк, 22-23 марти соли 2018)
22-юми  марти соли 2018 иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати оғози “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” чорабинии сатҳи байналмилалӣ дар доираи санаи биступанҷуми баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об доир гардид
Пешвои  муаззами миллат аз ташаббусҳои  Ҷумҳури Тоҷикистон ёдовар шуда,  зикр карданд, ки маҳз бо ибтикори Тоҷикистон «Соли байналмилалии оби тоза, 2003»,  Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» доир шуда, дар ин самт корҳои зиёде на танҳо дар кишвари мо, балки дар арсаи байналмилалӣ амалӣ гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин  зимни суханрониашон  дар чорабиниҳои сатҳи баланд омилҳоеро, ки доира ва имконоти ҳамкории ояндаро дар соҳаи захираҳои об муайян мекунанд, ба  таври возеҳ  муайян карданд. Таъкид  доштанд,  ки бояд ҳама унсурҳо  ва имконоти татбиқи  амалии  Қатънома пурра истифода  шаванд. Аз ҷумла, ин унсури фаромарзии ҳамкорӣ дар соҳаи об мебошад, ки дар таъмини сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳо нақши меҳварӣ мебозад. Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Роҳбари давлати тоҷикон, имрӯз беш аз 276 ҳавзаи дарёии байналмилалӣ бо фарогирии ҳудуди 148 кишвар, ки беш аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон дар онҳо маскун мебошад, вуҷуд дорад  
Тоҷикистон дар саргаҳи пайдоиши обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ қарор дошта, бинобар хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва иқлимии худ дар Осиёи Марказӣ дорои пиряхҳои зиёд ва азим  мебошад. Пиряхҳо танзимкунандагони оби дарё ва иқлим дар минтақа буда, қариб 6%-и ҳудуди кишварро ишғол менамоянд. Дарёҳои Тоҷикистон манбаи асосии пуршавии баҳри Арал ба шумор рафта, сарчашмаи таъмини кишварҳои поёноб мебошад. Аз  ҷониби дигар онҳо захираи бузурги соҳаи аграрӣ ва гидроэнергетикаи минтақа ба ҳисоб мераванд. Дар маҷмӯъ ҳисоби дарёҳои Тоҷикистон ба 928 мерасад.   Ҳар яки он беш  аз 10 км дарозӣ дошта,   дарозии умумии онҳо ба 28500 км баробар аст. Масоҳати умумии кӯлҳои Тоҷикистон бештар аз 680 км2-ро ташкил медиҳад. Тибқи нишондоди сарчашмаҳои муътамад дар ҳавзу обанборҳои Тоҷикистон 45,3км 3 захираи об мавҷуд аст. Захираи оби ошомидании кишвари мо 19,3 км3 -ро ташкил медиҳад. Манбаҳои обҳои зеризаминии кишвар ба 51,2 км 3 баробар аст. Потенсиалии умумии солонаи энергияи барқи обӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 527 млрд. кВт. соатро ташкил медиҳад. Вобаста ба нишондодҳои болозикр, Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ ва оби тоза муаррифӣ шудааст. Кишвари мо аз рӯи масоҳат дар дунё ҷои 85-умро ишғол намояд ҳам, аз рӯи захираҳои энергетикаи обӣ баъд аз Чин, Россия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада ҷои 8-ум ва аз рӯи ҳаҷми қиёсии захираҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои аввал ва ба ҳар 1 км. ҳудуд ҷои дуввумро ишғол мекунад. 
Асоси энергетикаи Тоҷикистонро бештар аз 95% энергияи барқи обӣ ташкил медиҳад.  Иқтидори энергияи обии Тоҷикистон беш аз 3 баробар зиёдтар назар ба талаботи энергияи барқӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳангоми самаранок истифода бурдани ин захираҳо минтақаро метавон бо ин энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд.  Захираҳои асосии энергияи барқии обӣ дар манотиқи дарёи Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгир аст.
Иқтидори ситемаи энергетикии Тоҷикистон 5190 МВт-ро ташкил медиҳад.  Аз ҷумла, ҳиссаи энергияи барқи обӣ  93,9% тамоми иқтидорҳои муайяншударо ташкил медиҳад. Ҳиссаи шабакаҳои гармидиҳӣ 318 мгвт, яъне танҳо 6.1% - ро ташкил медиҳад.  Бояд қайд намуд, ки беш аз 98% и энергияи барқӣ, ки дар Тоҷикистон истеҳсол карда мешавад, аз ҳисоби НБО аз ҷумла 97%-и он аз неругоҳҳои бузургу миёна ба даст меояд.  
Таҳқиқот  нишон медиҳанд, ки дар қарни ХХ   аҳолӣ 3 маротиба зиёд шуда,  талабот ба об 7 маротиба  афзоиш ёфтааст.   Дар шароити муосир талабот ба оби тоза нисбат ба афзоиши аҳолӣ 2 маротиба зиёд гардидааст. Аз ҷумла, шумораи аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ тибқи нишондоди оморӣ ба зиёда то  соли 2017 ба зиёда  50 млн. расида, майдони замини обёришудаи ин  минтақа 65% афзудааст. Мутаносибан  талабот ба  об  низ ба маротиб зиёд шудааст. Хушбахтона, ташаббусҳои созандаи Роҳбарияти олии  кишвари мо  самараи нек ба  бор меорад ва имрӯз  ҳамсоякишварҳои мо дар масъалаи ба  роҳ  мондани ҳамкорӣ ҷиҳати истифодаи оби софи ошомидании Тоҷикистон,  аз ҷумла, оби кӯли Сарез ба мувофиқа расидаанд.
Баргузории  иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ташкили чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик боз як рӯйдоди бузурги таърихӣ буда, барои боло рафтани мақоми кишвар нақши калидӣ бозид. Бори дигар  собит гардид, ки захираҳои об дар амалӣ намудани Ҳадафҳои рушди устувор   мавқеи меҳвариро соҳиб буда, талошҳои Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз нигоҳи коршиносони сатҳи  ҷаҳонӣ  беназир  арзёбӣ мебошад.
Раёсати маорифи  вилояти Хатлон  низ ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои  созандаи Пешвои муаззами миллат  нақшаи  баргузории  як қатор чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ ва тарғиботиро таҳия  намудааст,  ки фарогири  ҳама  паҳлуҳои марбут ба  масъалаи  мазкур буда, марҳила  ба  марҳила  дар  раёсат  ва  шуъбаҳои  маорифи шаҳру  навоҳии   вилоят  амалӣ  хоҳанд гашт.
Д.ИСОЕВ,
номзади илми химия,
дотсент, сардори раёсати маорифи 
вилояти Хатлон