ОИД БА ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ  ДОНОӢ  КИТОБ  АСТ» ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

13-10-2022
13-уми октябри соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф таҳти раёсати котиби Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи сабҳи донои китоб аст”, ҳамчунин муовини вазири маориф ва илм  Зиёдулло Абдулзода  ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он аъзоёни комиссия ва ҳайати ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа З.Абдулзода доир ба омодагиҳо ба даври сеюм ва тартиби баргузории он андешаронӣ намуда, зикр кард, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи  доноӣ  китоб  аст» соли чорум аст, ки бо Амр ва таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола то 400 ҳазор довталаб ширкат меварзанд ва он дар дарёфти чеҳраҳои наву наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат менамояд. 
Дар рафти ҷаласа, ҳамчунин, аз аъзои ҳакамон дархост ба амал оварда шуд, ки дар рафти озмун шаффофиятро таъмин намуда, аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокдорон баҳогузорӣ карда, нафарони лаёқатмандро ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд. 
- Инчунин, ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки рафти даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шавад, - таъкид кард З.Абдулзода.
Дар идомаи ҷаласа сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ  Зиёратшо Нарулозода баромад намуда, доир ба ҷамъбасти даврҳои якум ва дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи сабҳи донои китоб аст” ҳисобот дод.
Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи  доноӣ  китоб  аст» тибқи ҷадвали замимашуда баргузор мегардад.