ОИД БА ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНАИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН СЕМИНАР-МАШВАРАТ БАРГУЗОР ГАРДИД

02-06-2022
2-юми июни соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи “Зимчуруд”-и ноҳияи Шоҳмансур бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ оид ба истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон семинар-машварат баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм З.Абдулзода, намояндагони вазорату идораҳо, мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони истироҳатгоҳҳо иштирок намуданд. 
Нахуст, муовини вазири маориф ва илм З.Абдулзода зикр кард, ки ҳар сол тибқи анъана бо назардошти истироҳати комил, инкишофи нерӯи эҷодӣ, солимгардонии кӯдакону наврасон, ҳифзи ҳуқуқи онҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон ба тасвиб расида, мавриди амал қарор мегирад. Истироҳатгоҳҳои наздимактабию беруназшаҳрӣ дорои имкониятҳои васеъ буда, барои кӯдакон хеле фоидабахш аст, зеро дар он шаклҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла фаъолияти маърифатӣ, бадеӣ, варзишӣ-солимгардонӣ ва фароғатӣ амалӣ мегарданд ва ин имконият медиҳад, ки кӯдакону наврасон худро дар тамоми самтҳои ин фаъолият санҷида, натиҷаҳои онро муқоиса карда, афзалиятнокашро интихоб намоянд.
- Соли равон низ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №211 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2022» ба тасвиб расида, ҷиҳати иҷрои он фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.05.2022, №740 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2022» имзо шуд. Тибқи фармоиши мазкур сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар муассисаҳои таълимию тарбиявие, ки ошхонаи ҷавобгӯйи талаботи санитарию эпидемиологӣ доранд, барои кӯдакон ва наврасон фароғатгоҳҳои истироҳатӣ-таълимии рӯзонаи солимгардонӣ ташкил намоянд, - зикр кард З.Абдулзода.
Дар рафти семинар-машварат, инчунин, намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Хадамоти назорати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва ЮСАИД суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки мувофиқи маълумот ба ҳолати 1 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 4 истироҳатгоҳ, ВМКБ 7 истироҳатгоҳ, вилояти Хатлон 7 истирохатгоҳ, ноҳияҳои тобеи марказ 17 истироҳатгоҳ, вилояти Суғд 19 истироҳатгоҳ, дар маҷмуъ, 54 истроҳатгоҳи беруназшаҳрӣ мавҷуд аст. Дар назар аст, ки тобистони соли равон истироҳат аз 2 то 4 баст ташкил карда шуда, мавсими фарогирии кӯдакону наврасон ба басти якуми истироҳат дар вилояти Суғд аз 10 июн ва дар дигар минтақаҳо аз 15 июн дар назар дошта шудааст. 
Бояд қайд кард, ки соли 2021 дар ҷумҳурӣ 3555 истироҳатгоҳ, аз ҷумла 34 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, 1195 истироҳатгоҳи наздимактабӣ, 490 истироҳатгоҳи меҳнатӣ-истироҳатӣ, 1403 истироҳатгоҳи фароғатӣ-таълимӣ, 347 истироҳатгоҳи варзишӣ-беҳдоштӣ, 43 истироҳатгоҳи солимгардонӣ, 42 истироҳатгоҳи наздиинтернатӣ ва 1 истироҳатгоҳи санаторӣ фаъолият намуданд. 
Шумораи умумии истироҳаткунандагон 253077 нафарро ташкил дода, аз ин 98275 нафар дар истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ, 18429 нафар дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, 9904 нафар дар истироҳатгоҳҳои меҳнатӣ-истироҳатӣ, 112247 нафар дар истироҳатгоҳҳои фароғатӣ-таълимӣ, 8604 дар истироҳатгоҳҳои варзишӣ-беҳдоштӣ, 245 нафар дар истироҳатгоҳҳои солимгардонӣ, 2963 нафар дар истироҳатгоҳҳои наздиинтернатӣ ва 2410 нафар дар истироҳатгоҳҳои берун аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мебошад. 
Дар рафти семинар, иштирокдорон вобаста ба фаъолияти истироҳатгоҳҳо мубодилаи таҷриба намуда, оид ба тарзи кушодашавию пушидашавӣ ва банақшагирию ҳуҷҷатгузории фаъолияти истироҳатгоҳҳои наздимактабию беруназшаҳрӣ маълумотҳои муфидро аз худ намуданд. 
Ҳамчунин, бо фаъолияти истироҳатгоҳи “Зимчуруд” ва шароити зисти истироҳаткунандагон шинос гардиданд.