ОИД БА ОБТАЪМИНКУНИИ САНИТАРӢ ВА ГИГИЕНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТИББӢ СЕМИНАР БАРГУЗОР ГАРДИД

17-02-2022
17 - уми феврали соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ  Собирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Абдухолиқ Амирзода, менеҷери барномаи тандурустии Намояндагии Итиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лейле Эммерсон, намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон -  ЮНИСЕФ Энтони Асидже оид ба обтаъминкунии санитарӣ ва гигиенӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои тиббӣ семинар баргузор гардид.
Дар рафти семинар, дар қатори  дигар масъалаҳо, аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар шароити кунинӣ бояд тамоми дастурҳои миллӣ оид ба обтаъминкунӣ, санитария  ва гигиена дар муассисаҳо тибқи стандартҳо ба роҳ монда шаванд. Тибқи маълумотҳои оморӣ 79% муассисаҳои таълимӣ дастрасӣ ба санитария ва 26% муассисаҳо дастгоҳҳои дастшӯӣ доранд. 
Лейле Эммерсон-менеҷери барномаи тандурустии Намояндагии Итиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва маводи санитарӣ-гигиенӣ дар муассисаҳо бояд боз ҳам беҳтар карда шавад, то хавфи сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19 пешгирӣ карда шавад. Риояи шартҳои оддӣ, ба мисли шӯстани дастҳо ва риояи гигиенаи шахсӣ хавфи паҳншавии сироятҳоро коҳиш медиҳад.
 Зимни семинари мазкур  ба иштирокчиён оид ба таъмини муассисаҳои таълимӣ ба шабакаҳои мутамаркази обрасонӣ ва ҷавобгӯ будани онҳо бо стандартҳо, дар дохили бинои муассисаҳо будани қуттиҳои партов, инчунин, бо маҳлулҳои антисептикӣ таъмин будан ва дигар мавуъҳои муҳим тавсияҳои муфид дода шуд.
З. ҲУСЕЙНОВА